Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Мико 3:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Он гоҳ сӯи Худованд истиғоса хоҳанд бурд, вале Ӯ онҳоро иҷобат нахоҳад кард, ва рӯи Худро дар он замон аз онҳо хоҳад пӯшонид, чунки ба аъмоли бад дода шудаанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Мико 3:4
26 Iomraidhean Croise  

Оё Худо фарьёди ӯро хоҳад шунид, вақте ки мусибате ба сари ӯ ояд?


Зеро ки Худо фарьёди ботилро намешунавад, ва Қодир ба он назар намекунад.


Он гоҳ маро хоҳанд хонд, ва ман иҷобат нахоҳам кард; аз субҳидам маро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва маро нахоҳанд ёфт.


Касе ки гӯши худро аз шунидани шариат дур кунад, дуои вай низ зишт аст.


Ва ҳангоме ки дастҳои худро дароз мекунед, чашмони Худро аз шумо мепӯшам; дуоро афзун кунед ҳам, намешунавам, чунки дастҳои шумо пур аз хун аст.


Вой бар ҳоли шарир, ки вай бадӣ хоҳад дид, зеро ки мукофоти амали дастҳои вай ба вай дода хоҳад шуд.


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар онҳо хоҳам овард, ки аз он натавонанд раҳо шаванд, ва сӯи Ман истиғоса хоҳанд бурд, вале Ман онҳоро иҷобат нахоҳам кард.


Агар онҳо рӯза доранд, тазаррӯашонро нахоҳам шунид; ва агар қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ биёранд, онро қабул нахоҳам кард, балки Ман онҳоро бо шамшер ва қаҳтӣ ва вабо талаф хоҳам намуд».


Ба воситаи онҳое ки омадаанд, то бар зидди калдониён ҷангида, он хонаҳоро аз лошаҳои одамоне пур кунанд, ки Ман онҳоро дар хашм ва ғазаби Худ зарба задаам, ва ба сабаби тамоми шарорати онҳо рӯи Худро аз ин шаҳр пинҳон кардаам:


Анбиё бардурӯғ нубувват менамоянд, ва коҳинон бо ёрии онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва қавми Ман инро дӯст медоранд. Ва шумо дар охири ин чӣ хоҳед кард?


Бинобар ин Ман низ бо ғазаб амал хоҳам намуд: чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, ва ҳарчанд ба гӯшҳои Ман бо овози баланд бихонанд, онҳоро иҷобат нахоҳам намуд».


Ва пешгӯйҳо расво, ва фолгирҳо хиҷил гардида, ҳамаашон ришу мӯйлаби худро хоҳанд пӯшонид, чунки аз ҷониби Худованд ҷавобе нахоҳад буд».


Ва он замин бо сокинонаш, дар натиҷаи аъмолашон, ба харобазор табдил хоҳад ёфт.


Ва чунин воқеъ шуд: «Вақте ки Ӯ даъват менамуд, онҳо намешуниданд; ончунон, вақте ки онҳо даъват менамуданд, Ман намешунидам», мегӯяд Худованди лашкарҳо,


Бисьёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: „Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исми Ту мӯъҷизоти зиёде нишон надодем?“


Вақте ки Соҳиби хона бархоста, дарро бандад, шумо дар берун истода, дарро мекӯбеду мегӯед: „Худовандо! Худовандо! Ба мо воз кун“. Вале Ӯ дар ҷавоби шумо хоҳад гуфт: „Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед“.


Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду иродаи Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад;


Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.


Ва дар он рӯз аз дасти подшоҳи худ, ки барои худ интихоб намудаед, ба дод хоҳед омад; ва Худованд шуморо дар он рӯз иҷобат нахоҳад кард».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan