Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Мико 3:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва ман гуфтам: бишнавед, эй сарварони Яъқуб ва доварони хонадони Исроил! Шумо, охир, вазифадор ҳастед, ки адлу инсофро бидонед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Мико 3:1
21 Iomraidhean Croise  

Ва ман калоншавандагони Яҳудоро мазаммат намуда, ба онҳо гуфтам: «Ин чӣ кори бад аст, ки шумо мекунед ва рӯзи шанберо хор медоред?


Манфур дар назараш разил бошад, валекин тарсгорони Худовандро иззат кунад; қасамаш ба зарари худаш бошад ҳам, онро тағьир надиҳад;


Эй мирони Садӯм! Сухани Худовандро бишнавед. Эй қавми Амӯро! Ба шариати Худои мо гӯш андозед.


Барои он ки мискинонро аз доварӣ маҳрум созанд, ва ҳуқуқи мазлумони қавми Маро бирабоянд, то ки бевазанонро ғанимати худ гардонанд, ва ятимонро толону тороҷ кунанд!


Инак раисони Исроил, ҳар яке алоқадри қуввати худ, андаруни ту барои хунрезӣ чидду ҷаҳд менамуданд.


«Эй писари одам! Дар бораи чӯпонони Исроил нубувват намо, ва нубувват намуда, ба онҳо, яъне ба чӯпонон, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: вой бар ҳоли чӯпонони Исроил, ки худашонро мечарониданд! Ва ҳол он ки чӯпонон бояд рамаро чаронанд.


Шумо равғани дунба мехӯрдед ва либоси пашмин мепӯшидед, гӯсфанди парвориро мекуштед, аммо рамаро намечаронидед.


Ва ба ман гуфт: «Гуноҳи хонадони Исроил ва Яҳудо бағоят азим аст, ва ин замин аз хун пур шудааст, ва ин шаҳр аз беадолатӣ пур аст; зеро ки онҳо мегӯянд: „Худованд ин заминро тарк кардааст, ва Худованд намебинад“.


Инро бишнавед, эй коҳинон, ва диққат диҳед, эй хонадони Исроил, ва гӯш андозед, эй хонадони подшоҳ, зеро ки доварӣ бар шумост, чунки шумо доме барои Мисфо будед, ва тӯре ки бар Тобӯр паҳн карда шуда буд.


«Ин каломро бишнавед, эй модаговони Бошон, ки бар кӯҳи Сомария буда, бенавоёнро зулм мекунед, камбағалонро ба танг меоваред ва ба оғоёни худ мегӯед: „Биёред, то ки бинӯшем!“


Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво ва дар кӯҳи Сомария дилпур мебошанд, — ин нақибони халқи хуҷиста, ки хонадони Исроил назди онҳо меоянд!


Рахнакунанда пешопеши онҳо баромад; онҳо низ рахна карда, гузаштанд, дарвозаро рахна карда, аз он берун омаданд; ва подшоҳашон пешопеши онҳо гузашта рафт, ва Худованд — дар сари онҳо».


Барои хиҷил шуданатон мегӯям: наход ки дар байни шумо як нафар ҳам боҳираде нест, ки дар миёни бародарони худ доварӣ карда тавонад?


Доварон ва нозиронро дар ҳамаи шаҳрҳое ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, барои худ бар ҳасби сибтҳои худ таъин намо, то ки қавмро бо адлу инсоф доварӣ кунанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan