Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Мико 2:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Дар он рӯз дар ҳаққи шумо масале ба забон хоҳанд ронд, ва зор‐зор гириста навҳа хоҳанд кард, ва хоҳанд гуфт: „Мо тамоман тороҷ гардидаем; насибаи қавми ман бадал шудааст. Чӣ гуна маро аз он дур мекунад?! Саҳроҳои моро ба шарирон тақсим карда медиҳад“.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Мико 2:4
35 Iomraidhean Croise  

Ва Довуд дар бораи Шоул ва писараш Йӯнотон бо ин марсия навҳа кард,


Ва Ирмиёҳу дар ҳаққи Йӯшиёҳу марсия хонд, ва ҳамаи муғанниён ва муғанниягон дар марсияҳои худ то имрӯз дар ҳаққи Йӯшиёҳу суҳан меронанд, ва он марсияҳо дар Исроил ба ҳукми қонун даромадааст; ва инак, онҳо дар китоби марсияҳо навишта шудааст.


Ва Айюб нутқи худро давом дода, гуфт:


Ки ту ин масалро бар подшоҳи Бобил зада, бигӯӣ: чӣ гуна он ситамгар маҳв шуд, ва он зулм барҳам хӯрд!


Замин тамоман беодам ва толону тороҷ хоҳад шуд, зеро ки Худованд ин суханро гуфтааст.


Ва ман гуфтам: «То ба кай, эй Худованд?» Ва Ӯ гуфт: «То даме ки шаҳрҳо валангор шуда, ғайримаскун гардад, ва хонаҳо бе одам бимонад, ва замин ба харобазор табдил ёбад.


Агар ба саҳро бароям, — инак, шаҳидони шамшер; ва агар ба шаҳр дароям, — инак, гирифторони қаҳтӣ; зеро ки ҳам набӣ ва ҳам коҳин бар замин овора шуда мегарданд ва ҳеҷ чизро намедонанд“».


Инак, вай мисли абрҳо боло мебарояд, ва аробаҳояш мисли тундбод аст, ва аспонаш аз уқобон чобуктаранд; вой бар мо, зеро ки гирифтори тороҷ хоҳем шуд!


Ва хонаҳои онҳо, бо якҷоягии киштзорҳо ва занонашон, насиби дигарон хоҳанд шуд, чунки Ман дасти Худро ба муқобили сокинони ин замин дароз хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.


Бинобар ин занони онҳоро ба дигарон хоҳам дод, киштзорҳои онҳоро — ба ворисони ғайр; зеро ки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон, ба тамаъкорӣ дода шудаанд, аз набӣ гирифта то коҳин, саросар козибона рафтор мекунанд.


Барои кӯҳҳо гирья ва нола мекунам, ва барои чарогоҳҳои биёбон — навҳагарӣ, зеро онҳо сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад, ва садои рамаҳо шунида намешавад: аз мурғони осмон гирифта то чорпоён пароканда шуда рафтаанд.


Ва онҳоро дар миёни халқҳое ки онҳо ва падаронашон намешинохтанд, пароканда хоҳам кард, ва шамшерро аз қафои онҳо хоҳам фиристод, то ки онҳоро талаф намоям».


Инак, ҳар кӣ масал мезанад, дар ҳаққи ту масал зада, хоҳад гуфт: „Духтар чӣ гуна аст, модар намуна аст“.


Ва онро пеши ман воз кард, ва рӯй ва пушти он навишта шуда буд, ва навҳа ва нола ва оҳу воҳ дар он навишта шуда буд.


Палос пӯшида гирья кунед, эй коҳинон, навҳа намоед, эй хизматгузорони қурбонгоҳ, омада дар палос шабро гузаронед, эй хизматгузорони Худои ман! Зеро ки ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ аз хонаи Худои шумо барҳам хӯрдааст.


Мисли дӯшизае ки барои шавҳари ҷавонии худ палос пӯшида бошад, навҳа намо.


Ин каломро, ки ман дар ҳаққи шумо, эй хонадони Исроил, ҳамчун марсия ба забон меронам, бишнавед:


Ва дар ҳамаи токзорҳо навҳа хоҳад буд, зеро ки Ман андаруни ту хоҳам гузашт», мегӯяд Худованд.


Боз ворисе назди ту хоҳам овард, эй сокинаи Морешо; ҷалоли Исроил то Адулом хоҳад омад.


Дар ин бора навҳаю вовайло хоҳам кард, маҷнунвор ва урьён роҳ хоҳам рафт, мисли шағолҳо нула хоҳам кашид, ва мисли шутурмурғҳо оҳу воҳ хоҳам кард.


Бархезед ва биравед, зеро ки ин ҷо оромгоҳи шумо нест; ба сабаби палид шуданаш он шуморо ба ҳалокат хоҳад расонид, ва ин ҳалокати сахте хохад буд.


Ҳамаи инҳо, охир, дар ҳаққи вай масале хоҳанд зад, ва муаммои истеҳзоомезе ба забон ронда, хоҳанд гуфт: «Вой ба ҳоли касе ки он чиро, ки аз они худаш нест, афзун мекунад, — то ба кай? — ва худро зери бори гаравҳо мегузорад!»


«Ҳамаро аз рӯи замин тамоман маҳв мекунам», мегӯяд Худованд.


Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Бархез, эй Болоқ, ва бишнав, ба ман гӯш деҳ, эй писари Сипӯр!


Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Болоқ, подшоҳи Мӯоб, маро аз Арам, аз кӯҳҳои шарқ овард: „Биё, Яъқубро барои ман лаънат намо, ва биё, Исроилро нафрин фармо!“


Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Ин аст нутқи Билъом ибни Баӯр, нутқи марде ки чашмонаш воз шудааст,


Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Ин аст нутқи Билъом ибни Баӯр, нутқи марде ки чашмаш воз шудааст,


Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо гуфта буд; пас Ӯро вогузошта рафтанд.


Ва мисли кӯре ки дар торикӣ даст‐даст карда роҳ меравад, ту дар нимирӯзӣ даст‐дасткунон роҳ хоҳӣ рафт, ва дар роҳҳои худ муваффақият нахоҳӣ ёфт, ва тамоми айём туро ба танг хоҳанд овард ва тороҷ хоҳанд кард, — ва наҷотдиҳандае нахоҳад буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan