Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Мико 2:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман бар зидди ин қабила мусибате меандешам, ки шумо гардани худро аз он натавонед берун овард, ва қомат рост карда мағрурона роҳ нахоҳед рафт, зеро ки ин замони мусибат аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Мико 2:3
29 Iomraidhean Croise  

Зеро ки ситамгар дигар нахоҳад буд, ва масхарабоз нобуд хоҳад шуд, ва ҳамаи шавқмандони шарорат маҳв хоҳанд шуд,


Ва Худованд гуфт: «Азбаски духтарони Сион мағрур шудаанд, ва гардан барафрохта роҳ мераванд, ва бо ғамзаҳои чашм ба васваса меандозанд, бо ишваю ноз мехироманд, ва зангӯлачаҳои халхолҳоро бар пойҳошон ҷарангос мезанонанд,


Ва мегӯянд: «Бигзор Ӯ шитоб намуда, амали Худро тезонад, то онро бубинем; ва бигзор машварати Қуддуси Исроил наздик шавад ва биёяд, то онро бидонем»!


Ва акнун ту ба мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим муроҷиат намуда, бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате барои шумо муҳайё менамоям, ва қасде ба муқобили шумо дорам; пас шумо ҳар яке аз роҳи бади худ баргардед, ва роҳҳо ва аъмоли худро ислоҳ намоед“.


Ва ба Сидқиё подшоҳи Яҳудо ман ҳамаи ин суханонро ба забон оварда, гуфтам: «Гардани худро зери юғи подшоҳи Бобил хам кунед, ва ба ӯ ва қавми ӯ хизмат кунед, — ва зинда хоҳед монд.


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: шумо Маро нашнидед дар бораи он ки ҳар кас барои бародари худ ва хар кас барои ёри худ озодӣ эълон намояд; пас, инак Ман, — мегӯяд Худованд, — барои шумо озодиро сӯи шамшер, вабо ва қаҳтӣ эълон хоҳам кард, ва шуморо барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод;


Ва чун Яҳудӣ се‐чор сутунро хонда тамом мекард, подшоҳ бо кордчаи китобат онро бурида мегирифту дар оташи манқал меандохт, то даме ки тамоми он тӯмор дар оташи манқал сӯзонида шуд.


Он гоҳ Азарьё ибни Ҳӯшаъё, ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи одамони густох ба Ирмиё гуфтанд: «Ту дурӯғ мегӯӣ; Худованд Худои мо туро нафиристодааст, ки бигӯӣ: „Ба Миср наравед, то ки дар он ҷо сокин шавед“;


Ва тамоми бақияе ки аз ин қабилаи шарир боқӣ мемонад, дар ҳар маконе ки боқӣ монда бошад, ва Ман онҳоро ба он ҷо бадар ронда бошам, мамотро аз ҳаёт афзал хоҳанд донист, — мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Юғи гуноҳҳоям, ки бо дасти Ӯ ба ҳам барбаста бофта шудааст, бар гарданам баромада, маро бемаҷол кардааст; Худованд маро ба дастҳое таслим кардааст, ки наметавонам пеши онҳо истодагӣ намоям.


Худованд он чи қарор дода буд, иҷро кардааст; амреро, ки аз қадимулайём фармуда буд, ба амал овардааст: хароб намуда, раҳме накардааст ва душманро бар ту шод гардонда, шохи адуёнатро баланд бардоштааст.


Моро бунигарданӣ зада пеш мекунанд, хаста мешавем, — фароғат кардан намемонанд.


Ва барои тезрав ҷои гурез нахоҳад буд, ва зӯровар бо қуввати худ ғолиб нахоҳад шуд, ва паҳлавон ҷонашро ба саломат нахоҳад бурд.


Ин каломро бишнавед, ки Худованд дар ҳаққи шумо, эй банӣ Исроил, дар ҳаққи ҳар қабилае ки аз замини Миср берун овардаам, ба забон ронда, гуфтааст:


«Фақат шуморо Ман аз ҳамаи қабилаҳои замин шинохтам, бинобар ин шуморо барои ҳамаи гуноҳҳотон ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам кард.


Бинобар ин шахси бохирад дар ин замон хомӯш мемонад, зеро ки замони бад аст.


Вой ба ҳоли онҳое ки бар бистарҳои худ хабосат меандешанд ва ниятҳои бад доранд, ва ҳамин ки рӯшноии саҳарӣ фаро расад, онро ба амал меоваранд, чунки кувват дар дасти онҳост.


Онҳо ҷони худро барои ман ба хатар андохтаанд, ва аз онҳо на фақат ман, балки ҳамаи калисоҳои халқҳо низ мамнун ҳастанд; ҳамчунин ба аҳли калисое ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гӯед.


Ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рӯзҳо шарир аст.


Бинобар ин ту ба душмани худ, ки Худованд варо бар ту хоҳад фиристод, ба сабаби гуруснагӣ ва ташнагӣ ва бараҳнагӣ ва камии ҳар чиз хизмат хоҳӣ кард, дар сурате ки вай юғи оҳанин бар гардани ту хоҳад гузошт, то даме ки туро несту нобуд кунад.


Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan