Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Мико 2:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва чун саҳроҳоро тамаъ кунанд, — зер карда мегиранд, ва хонаҳоро тамаъ кунанд, — бо зӯрӣ тасарруф менамоянд; ва дар ҳаққи марде ва хонаи вай, ва шахсе ва мероси вай ситам мекунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Мико 2:2
28 Iomraidhean Croise  

Ва баъд аз ин ҳодисаҳо чунин воқеъ шуд: Нобӯти изреъилӣ дар Изреъил дар паҳлуи қасри Аҳъоб, подшоҳи Сомария, токзоре дошт.


„Ба ростӣ, хуни Нобӯт ва хуни писаронашро Ман дирӯз дидам, — мегӯяд Худованд, — ва дар ин қитъаи замин ба ту подош хоҳам дод, — мегӯяд Худованд“. Ва алҳол варо бардошта, бар тибқи каломи Худованд, дар ин қитъа бипарто».


Агар замини ман аз дасти ман доду фарьёд бардошта, ҷӯякҳои он якҷоя гириста бошад;


Хонаи ёри худро тамаъ накун; зани ёрат, ва ғуломаш, ва канизаш, ва говаш, ва хараш, ва ҳар чизеро, ки аз они ёрат бошад, тамаъ накун».


Худованд бо пирони қавми Худ ва бо мирони он ба мурофиа хоҳад омад: «Шумо токзорро оташ задаед, ва он чи аз бенаво ғорат карда шудааст, дар хонаҳои шумост.


Эй вой бар онҳое ки хонаро ба хона илова менамоянд, киштзорро ба киштзор зам мекунанд, ба тавре ки ҷое боқӣ намемонад; ва шумо ба танҳоӣ бар замин маскан гирифтаед.


Аммо чашмони ту ва дили ту фақат ба тамаъкорӣ, ва ба рехтани хуни бегуноҳон, ва ба зулму ситам кардан нигаронида шудааст».


Мискин ва бенаворо фиреб диҳад, ғорат намояд, гаравро барнагардонад, ва чашмонашро сӯи бутҳо баланд кунад, корҳои зиштро ба ҷо оварад,


Андаруни ту ришва мехӯрданд, то ки хун бирезанд; ту фоида ва суд мехӯрдӣ, ва ба моли ёри худ бо ситам тамаъ менамудӣ, вале Маро фаромӯш кардӣ, мегӯяд Худованд Худо.


Ва инак, Ман дар бораи тамаъкорие ки кардаӣ, ва дар бораи хуне ки андаруни худат рехтаӣ, кафи Худро мезанам.


Бар шамшери худ такья менамоед, корҳои зишт мекунед ва зани якдигарро палид месозед, — оё ин заминро мерос хоҳед гирифт“?


Худованд Худо чунин мегӯяд: бас аст шуморо, эй раисони Исроил! Зулм ва ғоратро дур кунед, ва адлу инсоф ба амал оваред; бедодии худро аз сари қавми Ман бардоред, мегӯяд Худованд Худо.


Валекин раис ҳақ надорад аз насибаи қавм гирифта, онҳоро аз мулкашон маҳрум созад, балки фақат аз мулки худаш метавонад ба писаронаш мерос диҳад, то ки ҳеҷ кас аз қавми Ман аз мулки худ ронда нашавад“».


Ва ба ман гуфт: «Оё дидӣ, эй писари одам? Оё барои хонадони Яҳудо кардани чунин корҳои зишт, ки дар ин ҷо мекунанд, кам аст, ки боз онҳо заминро аз зулм пур мекунанд ва ба роҳи бутпарастӣ баргашта, Маро ба ғазаб меоваранд? Инак онҳо навдаеро ба биниҳои худ медоранд.


Муштоқи онанд, ки ғубори замин бар сари мискинон бошад, ва бенавоёнро аз роҳ мезананд; ва мард ва падараш назди як зан мераванд, то ки исми қуддуси Маро беҳурмат кунанд;


«Ин каломро бишнавед, эй модаговони Бошон, ки бар кӯҳи Сомария буда, бенавоёнро зулм мекунед, камбағалонро ба танг меоваред ва ба оғоёни худ мегӯед: „Биёред, то ки бинӯшем!“


Инро бишнавед, эй муштоқони поймол кардани мискинон ва маҳв сохтани бенавоёни замин,


Пас инро бишнавед, эй сарварони хонадони Яъқуб ва эй доварони хонадони Исроил, ки аз инсоф нафрат доред ва ҳар чизи ростро каҷ мекунед,


Азбаски сарватдоронаш пур аз ситам мебошанд, ва сокинонаш дурӯғгӯӣ мекунанд, ва забонашон дар даҳонашон аз фиреб иборат аст,


Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидди онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, бо зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки Малакути Осмонро ба рӯи мардум мебандед; зеро ки худатон намедароед ва ба онҳое ки даромадан мехоҳанд, монеъ мешавед.


Зеро ки решаи ҳамаи бадихо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan