Ва занаш Изобал ба ӯ гуфт: «Оё ту алҳол бар Исроил чунин салтанат меронӣ? Бархез ва хӯрок бихӯр, ва бигзор дили ту хуш бошад: ман токзори Нобӯти изреъилиро ба ту хоҳам дод».
Ва Ҳомон ба подшоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Қавме парешон ва пароканда дар миёни қавмҳо дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати ту ҳастанд, ва қонунҳошон аз ҳар қавм фарқ дорад, ва қонунҳои подшоҳро ба ҷо намеоваранд, ва подшоҳро норавост, ки онҳоро чунин вогузорад.
Худованд бо пирони қавми Худ ва бо мирони он ба мурофиа хоҳад омад: «Шумо токзорро оташ задаед, ва он чи аз бенаво ғорат карда шудааст, дар хонаҳои шумост.
Ва онҳо гуфтанд: «Биёед, бар зидди Ирмиё тадбирҳо биандешем, зеро ки шариат аз коҳин, ва машварат аз хирадманд, ва калом аз набӣ маҳв нахоҳад шуд; пас биёед, ӯро бо забон зарба занем, ва ба суханони ӯ гӯш наандозем».
Валекин раис ҳақ надорад аз насибаи қавм гирифта, онҳоро аз мулкашон маҳрум созад, балки фақат аз мулки худаш метавонад ба писаронаш мерос диҳад, то ки ҳеҷ кас аз қавми Ман аз мулки худ ронда нашавад“».