Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Мико 1:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Дар ин бора навҳаю вовайло хоҳам кард, маҷнунвор ва урьён роҳ хоҳам рафт, мисли шағолҳо нула хоҳам кашид, ва мисли шутурмурғҳо оҳу воҳ хоҳам кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Мико 1:8
19 Iomraidhean Croise  

Ва дар соли чордаҳуми подшоҳ Ҳизқиё Санҳериб, подшоҳи Ашшур, бар ҳамаи шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо лашкар кашид, ва онҳоро забт намуд.


Ва Мордахай аз он чи воқеъ шуда буд, огоҳӣ ёфт, ва Мордахай либоси худро чок зада, палос ва хокистар дар бар кард, ва андаруни шаҳр рафта, фиғони азим ва талхе баровард.


Бародари шағолон шудаам, ва ёри шутурмурғон.


Худованд адолатро ба амал меоварад, ва додгариро барои ҳамаи ситамкашон.


Балки даррандагони биёбон дар он ҷо хоҳанд хобид; ва хонаҳои он аз бумҳо пур хоҳад шуд; ва шутурмурғон дар он ҷо сукунат хоҳанд дошт; ва ҷинҳои биёбонӣ дар он ҷо рақс хоҳанд кард.


Ва шағолон дар кӯшкҳои он, ва кафторон дар тамошогоҳҳо нула хоҳанд кашид; ва замони он наздик аст, ва рӯзҳояш дер нахоҳад кашид.


Бинобар ин ман ҳамроҳи Яъзир ба ҳоли токзори Сибмо гирья мекунам; шуморо, эй Ҳешбӯн ва Элъоле, бо ашкҳои худ сероб менамоям, зеро ки бар ғунучини меваи тобистони ту ва бар мавсими ангуркании ту гулбонг афтодааст.


Аз ин рӯ камари маро ларза гирифтааст; дарде, мисли дарди зане ки мезояд, маро дар бар гирифтааст; аз он чи мешунавам, печутоб мехӯрам, ва аз он чи мебинам, ҳаросон шудаам.


Бинобар ин мегӯям: «Аз ман дур шавед, ман зор‐зор хоҳам гирист; барои тасаллӣ додани ман дар бораи таҳлукаи духтари қавми ман саъю кӯшиш накунед».


Эй лоуболон, биларзед! Эй худкомон, музтариб шавед! Либоси худро кашида, бараҳна шавед ва палос бар камар бибандед!


Амъои ман, амъои ман! Маро ларза гирифатаст! Пардаҳои дили ман! Дили ман андаруни ман ба ҳаяҷон омадааст, наметавонам хомӯш монам; зеро ки ту, эй ҷони ман, овози шох ва нидоҳои ҷангро шунидаӣ.


Кошки сари ман чашмаи об мебуд, ва чашмонам — чашмаи ашк! Рӯзу шаб барои шаҳидони духтари қавми худ мегиристам.


Барои кӯҳҳо гирья ва нола мекунам, ва барои чарогоҳҳои биёбон — навҳагарӣ, зеро онҳо сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад, ва садои рамаҳо шунида намешавад: аз мурғони осмон гирифта то чорпоён пароканда шуда рафтаанд.


Зеро ки садои навҳа аз Сион шунида мешавад: „Чӣ сон мо тороҷ шудаем! Мо бағоят шармсор гардидаем, зеро ки заминро тарк кардаем, ва масканҳои мо фурӯ ғалтидааст“».


«Эй писари одам! Дар ҳаққи анбӯҳи Миср навҳа намо ва онро, — ҳам онро ва ҳам духтарони халқҳои кабирро, — ба асфалуссофилин фурӯд овар, то бо онҳое бошанд, ки дар гӯр фурӯд омадаанд.


Дар он рӯз дар ҳаққи шумо масале ба забон хоҳанд ронд, ва зор‐зор гириста навҳа хоҳанд кард, ва хоҳанд гуфт: „Мо тамоман тороҷ гардидаем; насибаи қавми ман бадал шудааст. Чӣ гуна маро аз он дур мекунад?! Саҳроҳои моро ба шарирон тақсим карда медиҳад“.


Ва ӯ низ либосҳои худро кашид, ва ӯ низ ба ҳузури Самуил нубувват кардан гирифт, ва тамоми он рӯз ва тамоми шабаш бараҳна хобид; бинобар ин мегӯянд: «Оё Шоул низ аз ҷумлаи анбиёст?».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan