Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Мико 1:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ҳамаи ин аз боиси ҷинояти Яъқуб аст, ва аз боиси гуноҳҳои хонадони Исроил. Кист сабабгори ҷинояти Яъқуб? Оё Сомария нест? Ва кист маркази бутпарастӣ дар Яҳудо? Оё Ерусалим нест?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Мико 1:5
30 Iomraidhean Croise  

Он гоҳ Сулаймон бар кӯҳе ки рӯ ба рӯи Ерусалим аст, ибодатгоҳе барои Камуш, бути зишти Мӯоб, ва барои Мӯлик, бути зишти банӣ‐Аммӯн, бино кард.


Зеро сухане ки вай дар бораи қурбонгоҳи Байт‐Ил ва дар бораи ҳамаи баландиҳои шаҳрҳои Сомария бар тибқи каломи Худованд гуфта буд, ҳатман ба амал хоҳад омад».


Ва ӯ кӯҳи Шӯмрӯнро аз Сомар ба ду киккар нуқра харид, ва бар кӯҳ бино кард, ва номи шаҳреро, ки бино кард, ба номи Сомар, ки соҳиби кӯҳ буд, Сомария хонд.


Ва дар соли ҳаштуми подшоҳии худ, вақте ки ҳанӯз навҷавон буд, ба ҷустани Худои падараш Довуд оғоз кард, ва дар соли дувоздаҳум ба тоза кардани Яҳудо ва Ерусалим аз баландиҳо ва Ашераҳо ва бутҳо ва санамҳо шурӯъ намуд.


Ва қурбонгоҳҳои Баалҳоро пеши ӯ валангор карданд; ва ҳайкалҳои офтобпарастиро, ки бар болои онҳо буд, шикаста афтонид; ва Ашераҳо, ва бутҳо ва санамҳоро дарҳам шикаст ва гард‐гард карда, бар рӯи қабрҳои онҳое ки барояшон қурбонӣ мекарданд, пошид.


Ва сари Эфроим Сомария аст, ва сари Сомария — писари Рамальёҳу. Агар имонатон устувор набошад, шумо устувор нахоҳед монд».


Оё ин осеб ба ту аз он сабаб нарасид, ки ту Худованд Худои худро, вақте ки туро бо роҳи рост мебурд, тарк кардӣ?


Шарорати ту туро ҷазо медиҳад, ва муртадии ту туро мазаммат менамояд; пас, бидон ва бубин, ки чӣ гуна бад ва талх аст он ки ту Худованд Худои худро тарк кардаӣ, ва тарси Ман дар ту нест, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо.


Ва Ман дар миёни анбиёи Сомария чизҳои ҳеҷу пучро дидаам: онҳо ба исми Баал нубувват карда, қавми Ман — Исроилро дар иштибоҳ андохтаанд.


Валекин дар миёни анбиёи Ерусалим чизҳои зиштро мебинам: онҳо ба зино дода мешаванд ва дар кизб роҳ мераванд, ва дастҳои шариронро тақвият менамоянд, бе он ки ҳар яке аз шарорати худ баргарданд; ҳамаи онҳо дар назари Ман мисли Садӯм, ва сокинони он мисли Амӯро гардидаанд».


Роҳи ту ва аъмоли ту ин чизҳоро бар ту овардааст; ин бадии туст, ки сабаби талхкомии ту гардида, то ба дили ту расидааст».


Гуноҳҳои шумо инро ақиб андохтааст, ва хатоҳои шумо некиро аз шумо дур кардааст.


Бишнав, эй замин! Инак, Ман мусибате бар ин қавм меоварам, ки самари афкори онҳост; зеро ки онҳо ба суханони Ман гӯш надоданд, ва шариати Маро рад карданд.


Тоҷи сари мо фурӯ ғалтидааст; вой бар ҳоли мо, ки гуноҳ кардаем!


Ва хоҳари калонии ту Сомария аст, ки бо духтаронаш дар шимоли ту сукунат дорад; ва хоҳари хурдии ту, ки дар ҷануби ту сокин аст, Садӯм бо духтаронаш мебошад.


Чун Исроилро шифо доданӣ шавам, гуноҳи Эфроим ва бадкориҳои Сомария ошкор хоҳад гардид, зеро ки рафторашон козибона аст; ва дуздон медароянд, ва дастаи роҳзанон дар берун ҳуҷум мекунанд.


Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво ва дар кӯҳи Сомария дилпур мебошанд, — ин нақибони халқи хуҷиста, ки хонадони Исроил назди онҳо меоянд!


Ва баландиҳои Исҳоқ валангор, ва қудсҳои Исроил хароб хоҳад шуд, ва бар хонадони Ёробъом бо шамшер қиём хоҳам кард».


Онҳое ки ба гуноҳи Сомария қасам хӯрда, мегӯянд: „Ба ҳаёти худои ту, эй Дон!“ ва „Ба ҳаёти худои Беэр‐Шобаъ!“, — фурӯ хоҳанд ғалтид ва дигар нахоҳанд бархост».


Аспи давандро ба ароба бибанд, эй сокинаи Локиш; вай ибтидои гуноҳи духтари Сион буд, зеро ки ҷиноятҳои Исроил дар ту ёфт шудааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan