Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Мико 1:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва кӯҳҳо дар таҳти Ӯ гудохта мешавад, ва водиҳо мекафад, мисли мум пеши оташ, мисли обе ки ба нишебӣ мерезад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Мико 1:4
12 Iomraidhean Croise  

Худо бо бонги шодӣ сууд кард, Худованд бо овози шох.


Маро наҷот деҳ, эй Худо, зеро ки обҳо то ба ҷонам расидааст.


Худовандро бо барбат бисароед, бо барбат ва бо овози тараннум.


Ва Худованд Худои лашкарҳо чун ба замин бирасад, он гудохта мешавад, ва ҳамаи сокинонаш мотам мегиранд, ва он сар то сараш мисли наҳр баланд мешавад, ва мисли дарьёи Нили Миср фурӯ менишинад.


Кӯҳҳо аз Ӯ ба ларза омадааст, ва пуштаҳо гудохта шудааст; ва замин аз ҳузури Ӯ ҷунбиш кардааст, ва ҷаҳон ва ҳамаи сокинони он низ.


Кӯҳҳо Туро дида, ба ларза омад, селобҳо ҷорӣ шуд, варта овозашро баровард, мавҷҳояшро боло бардошт.


Чун биистад — заминро ба ҷунбиш меоварад; чун назар афканад — халқҳоро ба ларза меандозад; ва кӯҳҳои азалӣ метаркад, пуштаҳои абадӣ паст мешавад; тариқҳои Ӯ ҷовидонист.


Ва пойҳои Ӯ дар он рӯз бар кӯҳи Зайтун, ки аз тарафи шарқ рӯ ба рӯи Ерусалим аст, хоҳад истод; ва кӯҳи Зайтун аз миёнааш, аз шарқ то ғарб, ду тақсим шуда, дараи бисьёр калоне ба вуҷуд хоҳад омад, ва нисфи кӯҳ ба тарафи шимол, ва нисфи дигараш ба тарафи ҷануб ақиб хоҳад рафт.


Ва тахти бузурги сафед ва Нишинандаи онро дидам, ки аз ҳузури Ӯ осмон ва замин мегурехтанд, ва ҷое барои онҳо ёфт нашуд.


Худовандо, вақте ки Ту аз Сеир берун омадӣ, вақте ки Ту аз дашти Адӯм қадамгузор шудӣ, замин ба ларза омад, осмон низ қатра боронид; абрҳо низ об боронид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan