2 Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, гӯш андоз, эй замин ва ҳар чи дар он аст! Ва Худованд Худо ба муқобили шумо шоҳид бошад, яъне Худованд аз қасри қудси Худ!
Ва онҳо ба Ирмиё гуфтанд: «Бигзор Худованд дар миёни мо шоҳиди рост ва амин бошад, ки мо бар тибқи ҳар он чи Худованд Худои ту ба воситаи ту назди мо бифиристад, амал хоҳем кард:
Ва мегӯед: «Аз чӣ сабаб?» Аз он сабаб, ки Худованд дар миёни ту ва завҷаи ҷавонии ту шоҳид буд, ва ту дар ҳаққи вай хиёнат кардаӣ, ва ҳол он ки вай дӯсти ту ва завҷаи ҳамаҳди ту буд.
Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидди онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, бо зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо.