1 Каломи Худованд, ки бар Микои мӯраштӣ дар айёми Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, нозил шуд, ва ӯ онро дар бораи Сомария ва Ерусалим дар рӯъё дид.
Дар соли дуюми Фақаҳ ибни Рамальёҳу, подшоҳи Исроил, Ютом ибни Узиё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
Ва Худованд подшоҳро ба бало гирифтор кард, ва ӯ то рӯзи фавташ махавӣ буд, ва дар махавхона сукунат дошт; ва Ютом, писари подшоҳ, бар хонаи ӯ буда, қавми мамлакатро доварӣ менамуд.
Дар соли ҳафдаҳуми Фақаҳ ибни Рамальёҳу Оҳоз ибни Ютом, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
Ва дар соли сеюми Ҳӯшаъ ибни Эло, подшоҳи Исроил, Ҳизқиё ибни Оҳоз, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
Дар вақти подшоҳ шуданаш Оҳоз бистсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; вале он чи дар назари Худованд мақбул буд, мисли падараш Довуд ба амал наовард,
Ҳизқиё дар синни бисту панҷсолагӣ подшоҳ шуд, ва бисту нӯҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Абиё бинти Закарьё буд.
Рӯъёи Ишаъё ибни Омӯс, ки онро дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, дидааст.
Эй осмон, бишнав, ва эй замин, гӯш андоз, чунки Худованд сухан меронад: «Писаронро парвариш додам ва ба воя расонидам, вале онҳо бар зидди Ман исьён карданд.
Ва дар айёми Оҳоз ибни Ютом ибни Узиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки Расин подшоҳи Арам ва Фақаҳ ибни Рамальёҳу подшоҳи Исроил бар зидди Ерусалим баромаданд, то ки бо он ҷанг кунанд, валекин натавонистанд онро забт намоянд.
Ва сари Эфроим Сомария аст, ва сари Сомария — писари Рамальёҳу. Агар имонатон устувор набошад, шумо устувор нахоҳед монд».
«Михои Мӯраштӣ дар айёми Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо нубувват кард ва ба тамоми қавми Яҳудо хитоб намуда, гуфт: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Сион мисли саҳро шудгор карда хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор табдил хоҳад ёфт, ва кӯҳи хонаи Худованд — ба теппаҳои дарахтзор“.
Каломи Худованд, ки дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, бар Ҳушаъ ибни Баэрӣ нозил шуд.
Агар ту, эй Исроил, зино мекунӣ, бигзор Яҳудо гуноҳкор нашавад; ва шумо ба Ҷилҷол наравед, ва ба Байт‐Овин набароед, ва ба ҳаёти Худованд қасам ёд накунед.
Ва Исроил Холиқи худро фаромӯш карда, қасрҳо бино намудааст, ва Яҳудо бисьёр шаҳрҳои ҳисордор сохтааст; валекин Ман ба шаҳрҳои вай оташ хоҳам фиристод, то ки кӯшкҳои варо бисӯзонад.
Суханони Омӯс, ки аз чӯпонони Тақӯо буд, ва дар айёми Узиё, подшоҳи Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, ду сол пеш аз заминҷунбӣ, онҳоро дар бораи Исроил дар рӯъё дид.
Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво ва дар кӯҳи Сомария дилпур мебошанд, — ин нақибони халқи хуҷиста, ки хонадони Исроил назди онҳо меоянд!
Ҳамаи ин аз боиси ҷинояти Яъқуб аст, ва аз боиси гуноҳҳои хонадони Исроил. Кист сабабгори ҷинояти Яъқуб? Оё Сомария нест? Ва кист маркази бутпарастӣ дар Яҳудо? Оё Ерусалим нест?
Пас инро бишнавед, эй сарварони хонадони Яъқуб ва эй доварони хонадони Исроил, ки аз инсоф нафрат доред ва ҳар чизи ростро каҷ мекунед,
Ваҳйе ки Ҳабаққуқи набӣ дидааст.
Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд.