Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 9:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва инак, мафлуҷеро, ки бар бистар хобида буд, назди Ӯ оварданд. Чун Исо имони онхоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Далер бош, эй фарзанд! Гуноҳҳои ту омурзида шуд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

2 Ҳамон лаҳза чанд нафар ба наздаш шалеро бо ҷогаҳаш бардошта оварданд. Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Писарам, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шуданд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 9:2
32 Iomraidhean Croise  

Пас бирав, нони худро бо хурсандӣ бихӯр ва шароби худро бо дилхушӣ бинӯш, модоме ки Худо ба аъмоли ту таваҷҷӯҳ мекунад.


Гуноҳҳои туро мисли абр, ва хатоҳои туро мисли шаҳоб маҳв кардаам; ба Ман руҷӯъ намо, зеро ки Ман туро раҳонидаам.


Лекин Исо дарҳол ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед».


Ва овозаи Ӯ дар тамоми Сурия паҳн шуд; ва ҳамаи беморонро, ки ба дарду касалиҳои гуногун гирифтор буданд, ҳам девонагон, ҳам масрӯон ва ҳам мафлуҷонро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ онҳоро шифо мебахшид.


Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони ҳуд мебаҳшем;


Ва Исо ин суҳанонро шунида, дар тааҷҷуб монд ва ба пайравони Худ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: чунин имоне дар Исроил ҳам наёфтаам.


Чун шом шуд, бисьёр девонагонро назди Ӯ оварданд, ва Ӯ бо сухане арвоҳро берун кард ва ҳамаи беморонро шифо дод,


Исо ба қафо нигоҳ карда, занро дид ва гуфт: «Далер бош, эй духтар! Имонат туро шифо бахшид». Ҳамон соат зан шифо ёфт.


Зеро кадомаш осонтар аст: гуфтани ин ки „гуноҳҳои ту омурзида шуд“, ё гуфтани он ки „бархез ва равона шав“?


Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», — он гоҳ ба мафлуҷ гуфт: «Бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».


Бегоҳӣ, ки офтоб фурӯ рафта буд, ҳамаи беморон ва девонагонро назди Ӯ оварданд.


Исо истода, фармуд, ки вайро бихонанд. Онҳо кӯрро хонда, гуфтанд: «Осуда бош, бархез, ки туро мехонад».


Ӯ ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош».


Зеро ки ҳама Ӯро дида, ҳаросон шуданд. Дарҳол Ӯ ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед».


Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам».


Ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист.


Исо ба онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Оё назди шумо хӯроке ҳаст?» Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Не».


Вай сухани Павлусро мешунид; Павлус ба вай нигарист ва чун дид, ки имон ба шифо дорад,


То ба ҳадде ки дастмолҳо ва фӯтаҳои ба бадани ӯ расидаро бурда, бар беморҳо мегузоштанд, ва бемории онҳо нест мешуд, ва арвоҳи хабис аз онҳо берун мерафт.


Ҳамон шаб Худованд ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Устувор бош, Павлус, ва чӣ тавре ки дар Ерусалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр шаҳодат диҳӣ».


Ва на фақат ин, балки низ бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ меболем, ки ба василаи Ӯ алҳол мусолиҳа ба даст овардаем.


Балки касе хоҳад гуфт: «Ту имон дорӣ, вале ман аъмол дорам, — имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони ҳудро аз аъмоли худ нишон медиҳам».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan