Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 8:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва Исо дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Меҳоҳам, пок шав». Ва дарҳол вай аз махав пок шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз бемориаш пок гашт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 8:3
19 Iomraidhean Croise  

Ва Худо гуфт: «Рӯшноӣ бишавад». Ва рӯшноӣ шуд.


Вале Наамон ба хашм омада, рафт, ва гуфт: «Инак, ман гумон карда будам, ки ӯ ҳатман берун хоҳад омад, ва истода, исми Худованд Худои худро хоҳад хонд, ва дасти худро ба он ҷой расонида, махавро шифо хоҳад дод.


Ва ӯ фурӯд омада, бар тибқи каломи марди Худо, ҳафт карат дар Урдун ғусл кард, ва баданаш, мисли бадани тифли хурд, аз нав тоза шуд, ва ӯ пок гардид.


Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст! Хушо марде ки ба Ӯ паноҳ мебарад!


Ва Ӯ гуфт: «Дастатро боз ба бағалат бимон». Вай дасташро боз ба бағалаш монд; ва онро аз бағалаш баровард, ва инак, он боз мисли баданаш солим шудааст.


Он гоҳ ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай дароз кард; ва мисли дасти дигараш сиҳат шуд.


Исоро бар вай раҳм омад, дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!»


Ӯ бархоста, бодро манъ кард ва ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав ва ором бош». Бод хомӯш шуд, ва оромии том барқарор гардид.


Ва дасти духтарро гирифта, гуфт: «Талито‐қуми», ки маънояш ин аст: «Эй духтар, туро мегӯям, бархез».


Ва ба осмон нигариста, оҳе кашид ва ба вай гуфт: «Ифатаҳ», яъне: «Воз шав».


Чун Исо дид, ки мардум сӯяш шитоб мекунанд, рӯҳи палидро мазаммат намуда, гуфт: «Эй рӯҳи гунг ва кар! Ба ту амр мефармоям, ки аз вай берун рав ва дигар дохили вай нашав».


Ва бисьёр махавиён дар Исроил дар айёми Элишои набӣ буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо пок нашуд, балки фақат Наамони сурьёнӣ».


Ӯ дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» Ва дарҳол махав аз вай нест шуд.


Ва наздик омада, тобутро ламс намуд; тобутбардорон бозистоданд; ва Ӯ гуфт: «Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез».


Чун инро гуфт, бо овози баланд нидо кард: «Эй Лаъзор, берун о!»


Агар дар миёни онҳо аъмолеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накардааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он аъмолро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат кардаанд,


Зеро, ҳамчунон ки Падар мурдагонро эҳьё мекунад ва зинда мегардонад, Писар низ ончунон ҳар киро, ки хоҳад, зинда мегардонад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan