Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 7:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда ҳоҳад шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

2 Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор кунед, ҳамон тавр шумо низ айбдор ҳисоб мешавед ва бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг барои шумо бармекашанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 7:2
19 Iomraidhean Croise  

Ва онҳо ба подшоҳ гуфтанд: «Он касе ки моро несту нобуд мекард, ва дар ҳаққи мо ният дошт, ки моро маҳв намояд, то ки дар тамоми ҳудуди Исроил касе аз мо боқӣ намонад, —


Чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон, даст дар ивази даст, пой дар ивази пой,


Вой бар ту, эй тороҷгар, ки ҳанӯз тороҷ нашудаӣ, ва эй хиёнатгар, ки дар ҳаққи ту ҳанӯз хиёнат накардаанд! Чун тороҷи худро ба итмом расонӣ, тороҷ хоҳӣ шуд; чун хиёнати худро анҷом диҳӣ, дар ҳаққи ту хиёнат хоҳанд кард.


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: шумо Маро нашнидед дар бораи он ки ҳар кас барои бародари худ ва хар кас барои ёри худ озодӣ эълон намояд; пас, инак Ман, — мегӯяд Худованд, — барои шумо озодиро сӯи шамшер, вабо ва қаҳтӣ эълон хоҳам кард, ва шуморо барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод;


Ва ба Бобил ва ҳамаи сокинони кишвари калдониён барои тамоми шарорате ки дар Сион ба амал овардаанд, дар пеши назари шумо подош хоҳам дод, — мегӯяд Худованд.


Зеро ки рӯзи Худованд бар ҳамаи халқҳо наздик аст: чунон ки ту амал кардаӣ, ончунон ба ту амал карда хоҳад шуд; подоши ту бар сарат хоҳад баргашт.


Зеро, агар шумо ба мардум ҳатоҳошонро бибаҳшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ ҳоҳад бахшид;


Ва ба онҳо гуфт: «Пайхас кунед, ки чӣ мешунавед: бо кадом андоза, ки чен кунед, ба шумо чен карда шавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам биафзояд.


Бидиҳед, ва ба шумо дода хоҳад шуд: ба андозаи хуби чунбонидаю фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо хоҳанд рехт; зеро ба кадом андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд».


Хуллас, касе ки хасисона мекорад, вай хасисона дарав мекунад, ва касе ки саховатмандона мекорад, вай саховатмандона дарав мекунад.


Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.


Сазояшро диҳед, чунон ки вай низ шуморо сазо додааст, ва бар тибқи аъмоли вай сазояшро дучандон диҳед; дар косае ки вай барои шумо шароб тайёр карда буд, барои вай дучандон тайёр кунед.


Ва Адӯнӣ‐Бозақ гуфт: «Ҳафтод подшоҳ, ки сарангуштҳои дастҳо ва пойҳошон бурида шуда буд, дар таги мизи ман нонреза мечиданд; чунон ки ман кардаам, ончунон Худо ба ман подош додааст». Ва ӯро ба Ерусалим оварданд, ва дар он ҷо ӯ мурд.


Вай пеши пойҳои ӯ калла хам кард ва афтода, хобид; пеши пойҳои ӯ калла хам карда, афтод; дар ҷое ки калла хам кард, ҷон дода, афтод.


Ва Самуил гуфт: «Чунон ки шамшери ту занонро аз фарзандонашон маҳрум кардааст, ончунон модари ту аз миёни занон аз фарзанди худ маҳрум хоҳад шуд». Ва Самуил Аҷаҷро ба ҳузури Худованд дар Ҷилҷол пора‐пора кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan