Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 5:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 «Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 «Хушбахтанд касоне, ки муҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, чунки Подшоҳии Худо аз они онҳост!

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 5:3
55 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ дар тангии худ рӯи Худованд Худои худро ҷӯё шуд, ва ба ҳузури Худои падарони худ бағоят гардан фуровард;


Ва дуои ӯ, ва мустаҷоб шуданаш; ва тамоми гуноҳ ва хиёнаташ; ва ҷойҳое ки ӯ дар онҳо баландиҳо бино карда, Ашераҳо ва санамҳоро гузошта буд, пеш аз он ки гардан фуроварад, — ҳамааш дар навиштаҷоти Ҳӯзой тасвир ёфтааст.


Вале ӯ пеши Худованд гардан нафуровард, чунон ки падараш Менашше гардан фуроварда буд, балки ӯ, Омӯн, торафт бештар ба маъсият дода шуд.


Азбаски дили ту нарм шудааст, ва дар вақти шунидани суханони Худо дар бораи ин макон ва сокинонаш ба ҳузури Ӯ гардан фуровардаӣ, — ва ба ҳузури Ман гардан фуроварда, либоси худро чок задаӣ, ва ба ҳузури Ман гирья кардаӣ, бинобар ин Ман низ туро иҷобат намудам, мегӯяд Худованд;


Ва қавми Ман, ки ба исми Ман номида шудаанд, гардан фуроварда, дуо гӯянд ва рӯи Маро ҷӯё шаванд, ва аз роҳҳои бади худ баргарданд, — он гоҳ Ман аз осмон шунида, гуноҳҳои онҳоро хоҳам омурзид, ва замини онҳоро шифо хоҳам дод.


Бинобар ин аз суханонам нафрат дорам, ва дар хок ва хокистар пушаймон мешавам».


Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад, ва дар тариқи хатокорон намеистад, ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад;


Ҳалелуёҳ. Эй бандагони Худованд, мадҳ кунед! Исми Худовандро мадҳ кунед!


Суруди сууд. Басо маро аз ҷавониам ба танг оварданд, — бигӯяд Исроил, —


Худованди мо бузург аст ва пурқувват; хиради Ӯ беҳадду беканор аст.


Писарро иззат кунед, ки мабодо ба ғазаб ояд, ва шумо дар роҳ нобуд шавед; зеро ки ғазаби Ӯ зуд аланга хоҳад гирифт. Хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд!


Туро дар ҷамоати бузург ҳамд хоҳам гуфт, дар миёни қавми азим Туро мадҳ хоҳам кард,


Барои сардори муғанниён. Суруди таълимии банӣ‐Қӯраҳ.


Ростӣ аз замин хоҳад сабзид, ва адолат аз осмон ба зуҳур хоҳад омад.


Бо фурӯтанон шикастанафс будан беҳ аз тақсим кардани ғанимат бо мағрурон.


Ғурури одам варо хор мекунад, вале шахси фурӯтан ҷалол меёбад.


Ва акнун, эй писарон, маро бишнавед; хушо касоне ки роҳҳои маро риоят мекунанд!


Ва аз ин сабаб Худованд даранг менамояд, то шуморо афв кунад; ва аз ин сабаб Ӯ канорагирӣ менамояд, то бар шумо марҳамат кунад; зеро ки Худованд Худои адлу инсоф аст; хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ таваккал мекунанд!


Зеро Ӯ, ки Олӣ ва Баланд аст, ва дар абадият Сокин мебошад, ва исмаш Қуддус аст, чунин мегӯяд: «Ман дар макони олӣ ва муқаддас, вале бо мазлум ва афтодарӯҳ сукунат дорам, то ки рӯҳи афтодагонро зинда созам, ва дили мазлумонро эҳьё намоям.


Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст, зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст: Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва фатҳи зиндонро ба бандиён эълон намоям;


Ва ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман офаридааст, ва ҳамаи онҳо ба вуҷуд омадааст, — мегӯяд Худованд. — Ва Ман бар инҳо назар хоҳам кард: бар мискин ва шикастарӯҳ, ва бар касе ки пеши каломи Ман ба ларза меояд.


Ба ту, эй одамизод, гуфта шудааст, ки чӣ чиз некӯст, ва Худованд аз ту чӣ чизро талаб мекунад, яъне фақат инро, ки аз рӯи инсоф амал намоӣ, ва марҳаматро дӯст дорӣ, ва дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ равӣ.


Дар он вақт Исо суханашро давом дода, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ.


Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад».


Лекин хушо чашмони шумо, ки мебинанд, ва гӯшҳои шумо, ки мешунаванд;


Исо гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Осмон ба чунин касон тааллуқ дорад».


Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад;


Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Биёед, эй баракатьёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред:


Ва мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст».


Ва ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон аз шарқ ва ғарб омада, дар Малакути Осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб хоҳанд нишаст;


Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад.


Лекин Ӯ гуфт: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд».


Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи худ рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад».


Ва Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст,


То ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихӯред ва бинӯшед, ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард».


«Рӯҳи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам


Исо ба вай гуфт: «Ба хотири он ки Маро дидаӣ, имон овардӣ: хушо касоне ки надида, имон меоваранд».


Ва дар хотир нигоҳ дор тамоми роҳеро, ки Худованд Худои ту ин чил сол туро бо он дар биёбон бурд, то ки туро азият дода, биозмояд, ва он чиро, ки дар дили туст, бидонад, ки оё аҳкоми Ӯро риоят хоҳӣ кард ё не?


Ва сарватдор — бо залолати худ, чунки ӯ мисли гули алаф даргузар аст:


Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаётро, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард.


Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?


Ва ба ман гуфт: «Бинавис: „Хушо онҳое ки ба базми никоҳи Барра даъват шудаанд“». Ва ба ман гуфт: «Инҳо суханони ҳақиқии Худост».


Хушо онҳое ки аҳкоми Ӯро риоят мекунанд, то ки ба дарахти ҳаёт хуқуқдор шаванд ва ба дарвозаи шаҳр дароянд.


Зеро ки ту мегӯӣ: «Ман сарватдор ҳастам, сарват ғун кардаам ва ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорам»; аммо намедонӣ, ки ту бадбахт ва ҳақир ва мискин ва нобино ва бараҳна ҳастӣ.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan