Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 4:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Исо ба вай гуфт: «Ҳамчунин навишта шудааст: „Худованд Худои худро наозмой“».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

7 «Не! – ҷавоб дод Исо, – чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки „Худованд Худои худро насанҷед“».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 4:7
21 Iomraidhean Croise  

Онҳоро аз торикӣ ва зулмот берун овард, ва бандҳошонро барканд.


Ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед; пеши Ӯ биларзед, эй тамоми аҳли замин!


Ва қавм бо Мусо низоъ карда, гуфтанд: «Ба мо об диҳед, то бинӯшем». Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Чаро бо ман низоъ мекунед? Чаро Худовандро меозмоӣ?»


Ва он маконро Массо ва Мерибо ном ниҳод, ба сабаби ҷидоли банӣ‐Исроил ва Худовандро озмуданашон, ки гуфта буданд: «Оё дар миёни мо Худованд ҳаст, ё не?»


Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Ба яқин сухане мисли ин хоҳанд гуфт, ки он ҳеҷ маъное надорад.


Ва алҳол мо хушбахтии ноинсофонро мушоҳида менамоем, ки ба воситаи бадкорӣ ба некӯаҳволӣ ноил гардидаанд, ва Худоро озмуда, аз ҷазо раҳо шудаанд».


Ончунон ҳамаи ин одамон, ки ҷалоли Маро, ва аломотеро, ки Ман дар Миср ва дар биёбон ба амал овардаам, дидаанд, ва Маро даҳ карат имтиҳон намуда, ба овози Ман гӯш надодаанд, —


Ва ба Ӯ гуфтанд: «Оё Ту мешунавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд?» Исо ба онҳо гуфт: «Оре! Магар нахондаед: „Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ“?»


Исо ба онҳо гуфт: «Магар ин Навиштаро ҳаргиз нахондаед: „Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид: ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст“?


Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; зеро ки навишта шудааст: „Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо“».


Дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст, ки „одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд“».


Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Гуфта шудааст, ки: „Худованд Худои худро наозмой“».


Пас чаро акнун Худоро озмуда, бар гардани шогирдон юғе меандозед, ки онро ҳам падарони мо ва ҳам мо бардошта натавониста будем?


Петрус ба вай гуфт: «Чаро ҳар ду забон як кардед, ки Рӯҳи Худовандро биозмоед? Онҳое ки шавҳаратро гӯрониданд, бар остонаи дар ҳастанд; туро низ хоҳанд бурд».


Масеҳро наозмоем, чунон ки баъзеи онҳо озмуданд ва аз неши морҳо ба ҳалокат расиданд.


Худованд Худои худро наозмоед, чунон ки дар Массо озмудед.


Ки дар он ҷо падарони шумо Маро озмуданд; Маро имтиҳон карданд, агарчи аъмоли Маро чил сол дида буданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan