Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 4:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Пас иблис Ӯро ба шаҳри муқаддас гирифта бурд ва бар кунгураи маъбад гузошт,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

5 Сипас, шайтон Исоро ба шаҳри муқаддаси Уршалим бурда, дар ҷойи баландтарини маъбади Худо гузошт

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 4:5
11 Iomraidhean Croise  

Ва дарозии равоқе ки пеши толор буд, мувофиқи фарохии хона — бист зироъ, ва баландияш — саду бист; ва онро аз дарун бо тиллои холис пӯшонид.


Ва сарварони қавм дар Ерусалим сокин буданд; ва бақияи қавм қуръа партофтанд, то ки аз даҳ як қисмро барои сукунат ба шаҳри муқаддаси Ерусалим биёранд, ва нӯҳ қисми боқӣ дар шаҳрҳои дигар сокин шаванд.


Ҷамъи левизодагон дар шаҳри муқаддас — дусаду ҳаштоду чор нафар.


Зеро онҳо, ки худро аз фуқарои шаҳри муқаддас мехонанд, бар Худои Исроил эътимод менамоянд; исми Ӯ Худованди лашкарҳост.


Бедор шав, эй Сион, бедор шав, ва ҷомаи қудрати худро дар бар кун! Либоси шавкати худро бипӯш, эй Ерусалим, эй шаҳри муқаддас! Зеро ки номахтун ва палид дигар вориди ту нахоҳад шуд.


Худовандо! Лутфан, бар ҳасби тамоми адолати Ту, бигзор хашми Ту ва ғазаби Ту аз шаҳри Ту Ерусалим, аз кӯҳи муқаддаси Ту баргардад, зеро ки аз боиси гуноҳҳои мо ва маъсиятҳои падарони мо Ерусалим ва қавми Ту дар назари ҳамаи онҳое ки дар гирду пеши мо ҳастанд, шармсор гардидааст.


Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри муқаддаси ту муқаррар карда шудааст, то ки ҷиноят хотима ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад, ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад, ва рӯъёи набӣ муҷассам гардад, ва қудси қудсҳо тадҳин карда шавад.


Ва баъд аз эҳьёи Ӯ аз қабрҳо баромада, ба шаҳри муқаддас рафтанд ва ба бисьёр касон зоҳир шуданд.


Ва Ӯро ба Ерусалим бурда, бар кунгураи маъбад гузошт, ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз;


Исо ҷавоб дод: «Ҳеҷ қудрате бар Ман намедоштӣ, агар аз боло дода намешуд; аз ин рӯ он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештаре дорад».


Вале рӯи ҳавлии маъбадро истисно бикун ва андоза накун, зеро ки он ба ҳалқҳо дода шудааст: онҳо шаҳри муқаддасро чилу ду моҳ поймол ҳоҳанд кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan