Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 4:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст, ки „одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд“».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

4 Лекин Исо дар ҷавоб гуфт: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 4:4
26 Iomraidhean Croise  

Ва банӣ‐Исроил онро диданд, ва ба якдигар гуфтанд: «Ин чист?» Зеро намедонистанд, ки он чист. Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Ин нон аст, ки Худованд ба шумо додааст, то ки бихӯред.


Ва банӣ‐Исроил чил сол манн хӯрданд, то вақте ки ба замини маскун расиданд, яъне то вақте ки ба ҳудуди замини Канъон қадам монданд, манн хӯрданд.


Ва Мусо гуфт: «Пас, Худованд барои шумо шомгоҳон гӯшт хоҳад дод, то ки бихӯред, ва бомдодон нони серона; зеро Худованд шикоятҳои шуморо, ки аз Ӯ кардаед, шунидааст; ва мо чистем? Шикоятҳои шумо на аз мо, балки аз Худованд аст».


Иди фатирро риоя намо; ҳафт рӯз, чунон ки ба ту амр фармудаам, дар вақти муайяни моҳи абиб фатир бихӯр, зеро ки дар он вақт ту аз Миср берун омадаӣ; ва бигзор ба ҳузури Ман тиҳидаст наоянд;


На он чи ба даҳон медарояд, одамро палид мекунад; балки он чи аз даҳон мебарояд, одамро палид мекунад».


Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; зеро ки навишта шудааст: „Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо“».


Исо ба вай гуфт: «Ҳамчунин навишта шудааст: „Худованд Худои худро наозмой“».


Баъд гуфт: «Он чи аз одам берун ояд, одамро нопок месозад;


Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Гуфта шудааст, ки: „Худованд Худои худро наозмой“».


Исо ба вай, ҷавоб дод: «Навишта шудааст, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар каломи Худо».


Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст, ки: „Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо“».


Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод;


Рӯҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷисм фоидае нест; суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, рӯҳ ва ҳаёт аст;


Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем.


Ва хӯди наҷотро бигиред, ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост;


Ва Ӯ туро азият дод, ва туро гурусна мононид, ва туро манн хӯронид, — ки на ту онро медонистӣ ва на падаронат медонистанд, — то ба ту бифаҳмонад, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худованд барояд, одамизод зиндагӣ мекунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan