Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 4:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва озмоишкунанда назди Ӯ омада, гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо бигӯй, ки нон шаванд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 Он гоҳ шайтони васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 4:3
34 Iomraidhean Croise  

Ва банӣ‐Исроил ба онҳо гуфтанд: «Кошки аз дасти Худованд дар замини Миср мемурдем, вақте ки назди деги гӯшт менишастем ва серона нон мехӯрдем! Зеро ки моро ба ин биёбон берун овардед, то ки тамоми ин ҷамоатро аз гуруснагӣ бикушед».


Онҳое ки дар қаиқ буданд, назди Ӯ омада, саҷда карданд ва гуфтанд: «Ҳақиқатан Ту Писари Худо ҳастӣ».


Шимъӯни Петрус ҷавоб дода гуфт: «Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».


Аммо Исо хомӯш монд. Ва саркоҳин ба Ӯ гуфт: «Туро ба Худои Ҳай қасам медиҳам, ба мо бигӯ, ки оё Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?»


Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст».


Ибтидои Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо,


Ва арвоҳи палид, чун Ӯро медиданд, пешаш меафтоданд ва фарьёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ».


Ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро азоб надиҳӣ!»


Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳулқудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя ҳоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида ҳоҳад шуд;


Ва ҳама гуфтанд: «Пас, Ту Писари Худо ҳастӣ?» Ба онҳо гуфт: «Шумо мегӯед, ки Ман ҳастам».


Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин санг бигӯй, ки нон шавад».


Девҳо низ аз бисъёр касон берун омада, бо фарёд мегуфтанд: «Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ». Аммо Ӯ онҳоро манъ карда, намегузошт сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонистанд.


Ва Ӯро ба Ерусалим бурда, бар кунгураи маъбад гузошт, ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз;


Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ӯ Писари Худост».


Натанъил дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ».


Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба исми Ӯ ҳаёт ёбед.


Исо чун шунид, ки вайро бадар рондаанд, вайро ёфта, гуфт: «Оё ту ба Писари Худо имон дорӣ?»


Дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ӯ Писари Худост.


Зеро Писари Худо Исои Масеҳ, ки мо, яъне ман ва Силвонус ва Тимотиюс, дар миёни шумо Ӯро мавъиза намудаем, «оре» ва «не» набуд, балки дар Ӯ фақат «оре» буд, —


Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард.


Аз ин рӯ ман ҳам дигар сабр карда натавонистам ва ӯро фиристодам, ки имони шуморо бифаҳмам, ки мабодо озмоянда шуморо озмуда бошад ва меҳнати мо бенатиҷа шуда бошад.


Мабодо зинокоре ё осие ёфт шавад, ки мисли Эсов барои як таом аз нахустзодагии худ даст кашад.


Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем.


Бе падар, бе модар, бе насабнома, дар ҳолате ки на ибтидои айём дорад, на интиҳои ҳаёт, балки ба Писари Худо монанд буда, ба сурати абадӣ коҳин мемонад.


Касе ки гуноҳ мекунад, вай аз иблис аст, чунки иблис аз ибтидо гуноҳ кардааст. Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки аъмоли иблисро вайрон кунад.


Аз машаққатҳое ки бояд ба сарат ояд, натарс. Инак, иблис баъзеро аз миёни шумо дар зиндон хоҳад андохт, то ки шуморо биозмояд, ва шумо даҳ рӯз дар андӯҳ хоҳед афтод. То дами мамот амин бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту хоҳам дод.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan