Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 4:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Он гоҳ Рӯҳ Исоро ба биёбон бурд, то ки Ӯро иблис биозмояд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Баъд аз ин воқеа Рӯҳулқудс Исоро ба биёбон бурд, то ки шайтон Ӯро биозмояд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 4:1
18 Iomraidhean Croise  

Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».


Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чун аз пеши ту биравам, ва Рӯҳи Худованд туро ба ҷое ки намедонам, бардошта барад, ва ман рафта ба Аҳъоб хабар диҳам, ва ӯ туро наёбад, — дар он сурат ӯ маро хоҳад кушт; ва бандаат аз бачагии худ аз Худованд метарсад;


Ва ба ӯ гуфтанд: «Инак, бо бандагонат панҷоҳ марди пурзӯр ҳастанд; бигзор онҳо рафта, оғоятро ҷустуҷӯ намоянд: шояд, рӯҳи Худованд ӯро бардошта, бар яке аз кӯҳҳо ва ё дар яке аз дараҳо партофта бошад». Вале ӯ гуфт: «Нафиристед».


Ва Рӯҳи Худо маро бардошта, назди дарвозаи шарқии хонаи Худованд, ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, овард, ва инак ба даҳани дарвоза бисту панҷ мард буданд; ва ман дар миёни онҳо сарварони қавм — Яазаньё ибни Аззур ва Фалатьё ибни Баноёро дидам.


Ва дар рӯъё Рӯҳи Худо маро бардошт ва ба кишвари калдониён назди ҷалои ватан шудагон овард; ва рӯъёе ки ман дидам, аз ман ғоиб шуд;


Ва маро Рӯҳи Худо боло бардошт, ва аз ақиби худ садои ғулғулаи азиме шунидам: «Муборак аст ҷалоли Худованд аз макони Ӯ!»


Ва Рӯҳи Худо маро бардошта бурд, ва ман бо талхӣ ва изтироби рӯҳи худ мерафтам, ва дасти Худованд бар ман қавӣ буд.


Дар рӯъёҳои Худо маро ба замини Исроил овард, ва маро бар кӯҳи бағоят баланде гузошт, ки бар он аз ҷануб мисли биноҳои шаҳр намоён буд.


Ва Рӯҳи Худо маро бардошта, ба саҳни дохилӣ овард, ва инак ҷалоли Худованд маъбадро пур кард.


Ва чизе мисли даст дароз карда, маро аз мӯи сарам қапид, ва Рӯҳи Худо маро дар мобайни замин ва осмон бардошт, ва маро дар рӯъёҳои Худо ба Ерусалим, ба даҳани дарвозаи дохилӣ, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, овард, ки дар он ҷо бути рашки рашкангез гузошта шуда буд.


Баъд аз ин ба шумо бисьёр гуфтугӯ нахоҳам кард, зеро ки мири ин ҷаҳон меояд, ва дар Ман вай чизе надорад.


Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро даррабуд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро бо хурсандӣ давом дод.


Зеро ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рӯҳи Худост, фарзандони Худо ҳастанд;


Зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, уқубат кашидааст, ба озмудашавандагон низ метавонад мадад расонад.


Балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan