Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 3:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва дар дили худ нагӯед, ки „падари мо Иброҳим аст“; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 3:9
22 Iomraidhean Croise  

«Эй писари одам! Сокинони ин вайронаҳои замини Исроил сухан ронда, мегӯянд: „Иброҳим як нафар буд ва ин заминро мерос гирифт; ва мо бисьёр ҳастем, ба мо ин замин мерос дода шудааст“.


Зеро ки аз даруни дили одам хаёлоти бад, зино, фисқ, катл,


Ва дар дили худ андеша карда, гуфт: „Чӣ кунам, модоме ки барои анбор кардани ҳосилоти худ ҷое надорам?“


Ва фарьёд зада, гуфт: „Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам“.


Дар ҷавоб гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки агар онҳо хомӯш монанд, сангҳо нидо хоҳанд кард».


Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, ва дар дили худ нагӯед, ки „падари мо Иброҳим аст!“; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;


Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо дар дили худ чӣ андешаҳо доред?


Фарисие ки Ӯро таклиф карда буд, чун инро дид, дар дили худ гуфт: «Агар Ӯ набӣ мебуд, медонист, ки вай кист ва чӣ гуна зан аст, ки Ӯро ламс мекунад, зеро ки вай гуноҳкор аст».


Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо фарзандони Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем; пас чӣ сон Ту мегӯӣ, ки „озод хоҳед шуд“?»


Медонам, ки фарзандони Иброҳим ҳастед; лекин мехоҳед Маро бикушед, чунки каломи Ман дар шумо намегунҷад;


Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз анбиё, ки низ мурданд, бузургтар ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонӣ?»


Эй бародарон, эй фарзандони насли Иброҳим ва касоне ки аз байни шумо худотарс ҳастанд! Каломи ин наҷот ба шумо фиристода шудааст.


Шимъӯн фаҳмонда дод, ки чӣ гуна Худо аввал ба гайрияҳудиён назар андохт, то ки аз миёни онҳо қавме ба исми Худ бигирад;


Пас, фаразан, падари мо Иброҳим ба ҳасби ҷисм чӣ чизе пайдо кард?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan