Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 3:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

2 «Тавба кунед ва аз гуноҳ даст кашед, зеро Подшоҳии Худо наздик аст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 3:2
61 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки онҳо дар замине ки он ҷо асир бошанд, ба худ омада тавба кунанд, ва дар замини асиркунандагони худ сӯи Ту истиғоса намуда, гӯянд: „Мо гуноҳ карда ва осӣ шуда, рафтори шарирона кардем“;


Оё ба вай эътимод хоҳӣ кард, ки ҳосилоти туро бозгардонад, ва дар хирмангоҳат ҷамъ оварад?


Бинобар ин аз суханонам нафрат дорам, ва дар хок ва хокистар пушаймон мешавам».


Ба онҳо бигӯй: „ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, Ман мурдани шарирро хоҳон нестам, балки онро, ки шарир аз роҳи худ тавба карда, зинда монад. Аз роҳҳои бади худ тавба кунед, тавба кунед, эй хонадони Исроил! Пас чаро бимиред?“


Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард‐гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод.


Ва чун меравед, мавъиза карда, гӯед, ки Малакути Осмон наздик аст;


Он гоҳ Ӯ ба мазаммат кардани шаҳрҳое шурӯъ намуд, ки аксари мӯъҷизоти Ӯ дар он ҷо зоҳир шуда буд, чунки тавба накарда буданд.


Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳанд кард, зеро ки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Юнус бузургтар аст.


Дар ҷавобашон гуфт: «Чунки ба шумо донистани асрори Малакути Осмон ато шудааст, лекин ба онҳо ато нашудааст;


Ва масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст;


Масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар киштзори худ коштааст,


Ва масали дигаре ба онҳо гуфт: «Малакути Осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид».


Боз Малакути Осмон монанди тӯрест, ки ба баҳр андохта шуд, ва ҳар навъ моҳӣ ба он даромад,


Ба онҳо гуфт: «Бинобар ин ҳар китобдоне ки дар Малакути Осмон таълим ёфтааст, монанди соҳиби хонаест, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва кӯҳна берун меоварад».


Аз ин рӯ Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки мехост бо ғуломони худ ҳисобӣ кунад.


Зеро Малакути Осмон монанди соҳиби хонаест, ки бомдодон берун рафт, то ки барои токзори худ коргаронро киро кунад,


«Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки барои писари худ тӯи арӯсӣ барпо кард,


Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки Малакути Осмонро ба рӯи мардум мебандед; зеро ки худатон намедароед ва ба онҳое ки даромадан мехоҳанд, монеъ мешавед.


Дар он замон Малакути Осмон монанди даҳ бокирае хоҳад буд, ки чароғҳои худро бардошта, ба пешвози домод берун рафтанд;


Зеро монанди касест, ки ба сафари дур рафтанӣ шуда, ғуломони худро талабид ва молу мулкашро ба онҳо супурд:


Аз ҳамон вақт Исо ба мавъиза оғоз намуд ва гуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст».


Ва Исо дар тамоми Ҷалил мегашт ва дар куништҳои онҳо таълим дода, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва ҳар дарди мардумро шифо мебахшид.


Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.


«Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.


Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд;


Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.


Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: «Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред».


Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар биёбон зоҳир шуд ва барои омурзиши гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард.


Онҳо равона шуда, ба мавъиза кардан оғоз намуданд, ки бояд тавба кард;


Ва бисьёр касонро аз банӣ‐Исроил ба Худованд Худои онҳо руҷӯъ хоҳад кунонд.


Лекин агар Ман девҳоро бо ангушти Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.


Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд.


Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд».


Ба шумо мегӯям, ки дар миёни фариштагони Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад».


Ба шумо мегӯям, ки дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар хоҳад буд, назар ба наваду нӯҳ одиле ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд.


Аммо ӯ гуфт: „Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба хоҳанд кард“.


Ҳамчунин, вақте ки шумо ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, бидонед, ки Малакути Худо наздик аст.


Ва ба исми Ӯ, аз Ерусалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад;


Ва Ӯ ба шогирдони Худ чашм андохта, гуфт: «Хушо шумо, эй мискинон, зеро ки Малакути Худо аз они шумост.


Ва онҳоро фиристод, то ки Малакути Худоро мавъиза намоянд ва беморонро шифо диҳанд.


Вақте ки инро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Худо ба гайрияҳудиён низ тавбаи ҳаётбахшро ато кардааст».


Хуллас, ҳоло Худо аз замонҳои ҷаҳолат сарфи назар карда, дар ҳар ҷо ба ҳамаи одамон амр мефармояд, ки тавба кунанд;


Петрус ба онҳо гуфт: «Тавба кунед, ва хар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед ёфт;


Ва ба яҳудиён ва юнониён ҳотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон оваранд.


Балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Ерусалим ва тамоми сарзамини Яҳудо ва низ ба ғайрияҳудиён мавъиза менамудам, ки тавба карда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад.


Пас, тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад,


Зеро ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дуньёвӣ мамотро ба амал меоварад.


Ва Ӯ моро аз салтанати зулмот халосӣ дода, ба Малакути Писари маҳбуби Худ дохил кардааст,


Бо фурӯтанӣ мухолифонро насиҳат диҳад, ки шояд Худо ато фармояд, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ бирасанд


Бинобар ин, таълимоти ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол шитоб кунем ва аз нав асос нагузорем ба тавба аз аъмоли беҷон ва ба имон ба Худо,


Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунанд; балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд.


Ман ба вай фурсат додам, ки аз зинокории худ тавба кунад, валекин вай тавба накард.


Пас ба ёд ор, ки аз куҷо афтодаӣ, ва тавба кун ва аъмоли пештараро ба ҷо овар; вагар на, ба зудӣ назди ту меоям ва чароғдонатро аз ҷояш меҷунбонам, агар тавба накунӣ.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan