Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 24:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Вақте ки Ӯ бар кӯҳи Зайтун нишаста буд, шогирдонаш ба танҳоӣ назди Ӯ омада, пурсиданд: «Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 Ҳангоме ки Исо ба кӯҳи Зайтун баромада нишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба пеши Ӯ омада пурсиданд: «Ба мо гӯй, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва омадани Туву наздикшавии охирзамонро аз кадом аломат мефаҳмем?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 24:3
23 Iomraidhean Croise  

Он гоҳ Исо мардумро ҷавоб дода, ба хона даромад. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Масали мастаки киштзорро ба мо бифаҳмон».


Дар анҷоми олам ҳамин тавр хоҳад шуд: фариштагон берун омада, бадкоронро аз миёни одилон ҷудо мекунанд,


Он гоҳ шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Оё медонӣ, ки фарисиён ин суханро шунида, ба васваса афтоданд?»


Зеро ки Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштагони Худ хоҳад омад, ва он вақт ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.


Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Писари Одамро, ки дар Малакути Худ меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид».


Шогирдонаш назди Исо омада, ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»


Чун ба Ерусалим наздик шуда, ба Байт‐Фоҷии назди кӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирди Худро фиристода,


Зеро, чӣ тавре ки барқ дар шарқ зоҳир шуда, дар ғарб ҳам намудор мегардад, омадани Писари Одам низ чунин хоҳад шуд;


Он гоҳ аломати Писари Одам дар осмон намудор хоҳад гардид; ва он гоҳ ҳамаи қабилаҳои рӯи замин навҳа кунанд ва Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд;


Чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд:


Ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард, — омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд;


Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳиби хона медонист, ки дар кадом поси шаб дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад.


Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.


Аз Ӯ пурсиданд: «Эй Устод! Ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати ба вуқӯъ омадани ин чӣ гуна аст?»


Ба онҳо гуфт: «Кори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо кудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед;


Вагар на Ӯ мебоист аз ибтидои олам борҳо уқубат мекашид. Аммо Ӯ алҳол, дар охири замонҳо, як бор зоҳир шуд, то ки бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan