Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 2:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ба вай гуфтанд: «Дар Байт‐Лаҳми Яҳудо, зеро ки ба воситаи набӣ чунин навишта шудааст:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

5 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми сарзамини Яҳудия, чунки дар яке аз китобҳои пайғамбарон чунин навишта шудааст:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 2:5
11 Iomraidhean Croise  

Ва Роҳел вафот ёфт, ва дар роҳи Эфрот, ки ҳамон Байт‐Лаҳм бошад, дафн карда шуд.


Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар Байт‐Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Ерусалим мунаҷҷимон омада, гуфтанд:


Ва ҳамаи саркоҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад?


Оё дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт‐Лаҳм, ки деҳи Довуд буд, бояд ояд?»


Низ Қаттот, Наҳалол, Шимрӯн, Идъало ва Байт‐Лаҳм, — дувоздаҳ шаҳр бо деҳоташон.


Ва ҷавоне аз Байт‐Лаҳми Яҳудо буд, ки дар миёни қабилаи Яҳудо зиндагӣ мекард; вале ӯ левизода буда, дар он ҷо сукунат дошт.


Ва воқеъ шуд дар айёми ҳокимияти доварон, ки бар замин қаҳтӣ падид омад. Ва марде аз Байт‐Лаҳми Яҳудо рафт, то ки дар ноҳияи Мӯоб маскан гирад, — ӯ ва занаш, ва ду писараш.


Ва ҳар дуяшон равона шуданд, то даме ки ба Байт‐Лаҳм расиданд. Ва ҳангоме ки ба Байт‐Лаҳм ворид шуданд, тамоми аҳли шаҳр аз онҳо ба ҳаяҷон омаданд, ва занон гуфтанд: «Оё ин Ноомист?»


Ва инак, Бӯаз аз Байт‐Лаҳм омад ва ба даравгарон гуфт: «Худованд бо шумо бод!» Ба ӯ гуфтанд: «Худованд туро баракат диҳад!»


Тамоми қавме ки назди дарвоза буданд, ва пирон низ гуфтанд: «Шоҳид ҳастем! Бигзор Худованд занеро, ки ба хонаи ту медарояд, мисли Роҳел ва Леё гардонад, ки ҳар дуи онҳо хонаи Исроилро бино кардаанд; ва ту дар Эфрот комьёб шав ва дар Байт‐Лаҳм ном барор.


Ва Худованд ба Самуил гуфт: «То ба кай ту барои Шоул мотам мегирӣ? Ман, охир, ӯро аз подшоҳӣ кардан бар Исроил рад намудаам. Шохи худро аз равған пур карда, бирав: Ман туро назди Йисои байтлаҳмӣ мефиристам, зеро ки аз миёни писаронаш барои Худ подшоҳ пайдо кардаам».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan