Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 2:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

2 пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён аст? Мо ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 2:2
28 Iomraidhean Croise  

«Валекин Ман подшоҳи Худро бар Сион, кӯҳи муқаддаси Худ, таъин кардаам».


«Бозистед ва бидонед, ки Ман Худо ҳастам: дар миёни халқҳо барафрохта хоҳам шуд, бар замин барафрохта хоҳам шуд».


Ва халқҳо сӯи нури ту, ва подшоҳон сӯи дурахши тулӯи ту равона хоҳанд шуд.


Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман Шохаи одиле барои Довуд барқарор хоҳам намуд, ва Подшоҳе салтанат хоҳад ронд, ва хирадмандона рафтор хоҳад намуд, ва инсофу адолатро дар замин ба амал хоҳад овард.


Балки ба Худованд Худои худ ва ба Довуд подшоҳи худ, ки барои онҳо аз нав барқарор хоҳам намуд, хизмат хоҳанд кард.


Бағоят ба ваҷд ой, эй духтари Сион! Нидоҳои шодӣ бидеҳ, эй духтари Ерусалим! Инак, Подшоҳи ту назди ту меояд, ки одил ва соҳиби наҷот ва ҳалим аст, ва бар харе, бар курраи бачаи модахар савор аст.


Онро мебинам, валекин на ҳозираро; онро муоина менамоям, вале он наздик нест: ситорае аз Яъқуб тулӯъ хоҳад намуд, ва чӯбдасти салтанат аз Исроил хоҳад бархост, ва ҳудуди Мӯобро сар то сар торумор хоҳад кард, ва тамоми банӣ‐Шитро ба ҳалокат хоҳад расонид.


Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, дар изтироб афтод, ва бо вай тамоми Ерусалим ҳам.


«Ба духтари Сион бигӯед: „Инак, Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда, бо фурӯтанӣ назди ту меояд“».


Аммо Исо дар назди ҳоким истода буд. Ва ҳоким аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ба вай гуфт: «Ту мегӯӣ».


Мегуфтанд: «Муборак аст Подшоҳе ки ба исми Худованд меояд! Осоиштагӣ дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!»


Имрӯз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст;


Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дода, гуфт: «Ту мегӯӣ».


Дар болои сари Ӯ ба забонҳои юнонӣ, румӣ ва ибронӣ чунин лавҳае навишта овехта буданд: «Ин аст Подшоҳи Яҳудиён».


Натанъил дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ».


Шохаҳои дарахти хурморо ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарьёд мекарданд: «Хӯшаъно! Муборак аст Подшоҳи Исроил, ки ба исми Худованд меояд!»


Пилотус ба Ӯ гуфт: «Пас, Ту Подшоҳ ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯӣ, ки Ман Подшоҳ ҳастам; Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад».


Пилотус айбномае навишта, бар салиб овехт, ки чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Подшоҳи Яҳудиён».


Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!»


То ки ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст.


Гуфт: «Имон дорам, Худовандо!» Ва ба Ӯ саҷда кард.


Ва боз, вақте ки Нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегӯяд: «Ва бигзор ҳамаи фариштагони Худо Ӯро парастиш кунанд».


«Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то ки дар калисоҳо ба шумо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan