Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 2:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва чун дар хоб ба онҳо ваҳй омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

12 Дар хобашон Худо онҳоро огоҳ кард, ки назди Ҳиродус барнагарданд, аз ин рӯ ситорашиносон бо дигар роҳ ба ватани худ баргаштанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 2:12
17 Iomraidhean Croise  

Ва шабонгоҳ Худо дар хоби Лобони арамӣ зоҳир гардида, ба ӯ гуфт: «Эҳтиёт бош, ки ба Яъқуб нек ё бад нагӯӣ».


Вале дояҳо аз Худо тарсиданд, ва он чиро, ки подшоҳи Миср ба онҳо амр фармуда буд, ба амал наоварданд, ва писаронро зинда гузоштанд.


Дар он шаб ин роз ба Дониёл дар рӯъё ошкор шуд, ва Дониёл Худои осмонро муборак хонд,


Аммо вақте ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоби ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марьям натарс; зеро ки он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст;


Вақте ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, гуфт: «Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср фирор кун ва дар он ҷо бош, то вақте ки ба ту гӯям; зеро ки Ҳиродус Кӯдакро ҷустуҷӯ хоҳад намуд, то ки Ӯро нобуд кунад».


Чун Ҳиродус мурд, фариштаи Худованд дар Миср ба Юсуф дар хоб зоҳир шуд,


Лекин чун шунид, ки Аркилоус ба ҷои падари худ Ҳиродус дар Яҳудо подшоҳӣ мекунад, аз рафтан ба он ҷо тарсид; ва дар хоб ваҳй ёфта, ба ноҳияи Ҷалил рафт,


Вақте ки вай бар курсии доварӣ нишаста буд, занаш кас фиристода, гуфт: «Бо Он Одил туро коре набошад, чунки имрӯз дар хоб аз боиси Ӯ заҳмати бисьёр кашидам».


Ва аз Рӯҳулқудс ба ӯ маълум шуда буд, ки то Масеҳи Худовандро набинад, фавтро нахоҳад дид.


Гуфтанд: «Корнилюси мирисад, ки марди некӯкор ва худотарс ва назди тамоми қавми яҳудӣ некном аст, аз фариштаи муқаддас фармон гирифтааст, ки туро ба хонаи худ даъват намояд ва суханонатро бишнавад».


Вале Петрус ва Юҳанно ба ҷавоби онҳо гуфтанд: «Худатон ҳукм кунед, оё дар назари Худо дуруст аст, ки итоати шуморо аз итоати Худо авло донем?


Петрус ва ҳаввориён ба ҷавоб гуфтанд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод;


Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо ҷаҳолат аст, чунон ки навишта шудааст: «Ҳакимонро ба макри худашон гирифтор мекунад».


Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳй ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.


Ва онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ хизмат мекунанд, чунон ки ба Мусо гуфта шуда буд, вақте ки ӯ ба сохтани ҳайма шурӯъ менамуд: «Бохабар бош», гуфта шудааст, «ки ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кӯҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварӣ».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan