Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 2:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар Байт‐Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Ерусалим мунаҷҷимон омада, гуфтанд:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байт-Лаҳми сарзамини Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашинос аз сарзамини шарқ ба шаҳри Уршалим омада,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 2:1
25 Iomraidhean Croise  

Ва маскани онҳо аз Мешо буд ба самти Сафоро, кӯҳи шарқӣ.


Ва ба писарони сурриягоне ки Иброҳим дошт, Иброҳим тӯҳфаҳо дод, ва онҳоро, дар ҳини зиндагии худ, аз пеши писари худ Исҳоқ ба ҷониби шарқ, ба машриқзамин фиристод.


Субҳгоҳон хотираш мушавваш шуд, ва кас фиристода, ҳамаи соҳирони Мисрро, ва ҳамаи ҳакимони онро даъват намуд, ва фиръавн ба онҳо хоби худро нақл кард, вале касе набуд, ки онро ба фиръавн таъбир кунад.


Чӯбдасти салтанат аз Яҳудо дур нашавад ва қонунгузор аз камараш, то даме ки Шилӯ биёяд, ва ба Ӯ қавмҳо итоат намоянд.


Ва ҳикмати Сулаймон аз ҳикмати тамоми мардуми Шарқ, ва аз тамоми ҳикмати Миср зиёд буд.


Салмо, падари Байт‐Лаҳм; Ҳориф, падари Байт‐Ҷодир.


Ва чорвои ӯ аз ҳафт ҳазор бузу гӯсфанд ва се ҳазор шутур ва панҷсад ҷуфт гов ва панҷсад модахар иборат буд, ва ӯ ғуломону канизони бағоят зиёде дошт; ва ин мард аз тамоми аҳли шарқ бузургтар буд.


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки решаи Йисой ливое барои қавмҳо хоҳад гардид, — халқҳо ба ӯ рӯ хоҳанд овард, ва осоиштагӣ ҷалоли ӯ хоҳад буд.


ва ту, эй Байт‐Лаҳми Эфрот, ки дар миёни хонаводаҳои Яхудо аз ҳама ҷавонтарӣ! Аз ту барои Ман Ҳокиме дар Исроил хоҳад баромад, ва баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст.


Ва бо вай ҳамбистар нашуд то даме ки вай Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро Исо ном ниҳод.


Чун Ҳиродус дид, ки мунаҷҷимон ӯро фиреб доданд, бисьёр хашмгин шуд ва фиристода, ҳамаи кӯдаконро дар Байт‐Лаҳм ва тамоми ҳудуди он, мувофиқи вақте ки аз мунаҷҷимон фаҳмида гирифта буд, аз дусола ва камтар ба қатл расонд.


Чун Ҳиродус мурд, фариштаи Худованд дар Миср ба Юсуф дар хоб зоҳир шуд,


Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, дар изтироб афтод, ва бо вай тамоми Ерусалим ҳам.


Ба вай гуфтанд: «Дар Байт‐Лаҳми Яҳудо, зеро ки ба воситаи набӣ чунин навишта шудааст:


Он гоҳ Ҳиродус мунаҷҷимонро пинҳонӣ даъват намуда, вақти пайдоиши ситораро аз онҳо фаҳмида гирифт,


Дар айёми Ҳиродус, подшоҳи Яҳудо, Закарьё ном коҳине аз навбати Абиё буд, ва зани ӯ аз духтарони Ҳорун буда, Элисобаъ ном дошт.


Имрӯз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст;


Вақте ки фариштагон аз пеши онҳо ба осмон сууд карданд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед, ба Байт‐Лаҳм биравем ва он чиро, ки дар он ҷо воқеъ шудааст, ва Худованд онро ба мо хабар додааст, бубинем».


Оё дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт‐Лаҳм, ки деҳи Довуд буд, бояд ояд?»


Ва ҷавоне аз Байт‐Лаҳми Яҳудо буд, ки дар миёни қабилаи Яҳудо зиндагӣ мекард; вале ӯ левизода буда, дар он ҷо сукунат дошт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan