Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 11:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 То ки ба Ӯ бигӯянд: «Оё Ту Ҳамон хастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 Онҳо омада аз Исо пурсиданд: «Оё Ту ҳамон шахсе ҳастӣ, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 11:3
38 Iomraidhean Croise  

Ва баракат диҳам онҳоеро, ки туро муборак хонанд, ва лаънат гӯям ба онҳое ки туро малъун хонанд; ва дар ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост».


Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».


Чӯбдасти салтанат аз Яҳудо дур нашавад ва қонунгузор аз камараш, то даме ки Шилӯ биёяд, ва ба Ӯ қавмҳо итоат намоянд.


Роҳҳои худро баён кардаам, ва маро иҷобат намудаӣ; фароизи Худро ба ман таълим деҳ.


Бинобар ин Худованд Худаш ба шумо аломате хоҳад дод: инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳад номид.


Баъд аз он банӣ‐Исроил тавба намуда, Худованд Худои худ ва Довуд подшоҳи худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дар айёми онир бо тарс сӯи Худованд ва эҳсони Ӯ хоҳанд шитофт.


Ва наҷотдиҳандагон ба кӯҳи Сион хоҳанд баромад, то ки бар кӯҳи Эсов доварӣ кунанд; ва малакут аз они Худованд хоҳад шуд».


ва ту, эй Байт‐Лаҳми Эфрот, ки дар миёни хонаводаҳои Яхудо аз ҳама ҷавонтарӣ! Аз ту барои Ман Ҳокиме дар Исроил хоҳад баромад, ва баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст.


Ва ҳамаи халқҳоро ба ларза хоҳам овард, ва неъматҳои ҳамаи халқҳо оварда хоҳад шуд, ва Ман ин хонаро аз ҷалол пур хоҳам кард, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Бағоят ба ваҷд ой, эй духтари Сион! Нидоҳои шодӣ бидеҳ, эй духтари Ерусалим! Инак, Подшоҳи ту назди ту меояд, ки одил ва соҳиби наҷот ва ҳалим аст, ва бар харе, бар курраи бачаи модахар савор аст.


Инак, Ман қосиди Худро мефиристам, ва ӯ роҳро пеши Ман холӣ хоҳад кард; ва ногаҳон Худованд, ки шумо толиби Ӯ ҳастед, ба қасри Худ хоҳад омад, ва қосиди аҳд низ, ки шумо муштоқи Ӯ мебошед; инак, меояд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Вале барои шумо, эй тарсгорони исми Ман, офтоби адолат тулӯъ хоҳад намуд, ва дар шуоъҳои он шифо хоҳад буд; ва шумо берун омада, мисли гӯсолаҳои охурӣ ҷастухез хоҳед кард.


Онро мебинам, валекин на ҳозираро; онро муоина менамоям, вале он наздик нест: ситорае аз Яъқуб тулӯъ хоҳад намуд, ва чӯбдасти салтанат аз Исроил хоҳад бархост, ва ҳудуди Мӯобро сар то сар торумор хоҳад кард, ва тамоми банӣ‐Шитро ба ҳалокат хоҳад расонид.


Зеро вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: „Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад“.


Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи шунидед ва дидед, ба Яҳьё бигӯед:


«Ба духтари Сион бигӯед: „Инак, Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда, бо фурӯтанӣ назди ту меояд“».


Ва мардуме ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд: «Ҳӯшаъно ба Писари Довуд! Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!»


Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд; «Ҳӯшаъно! Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!


Мегуфтанд: «Муборак аст Подшоҳе ки ба исми Худованд меояд! Осоиштагӣ дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!»


Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ман имон дорам, ки Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ, Он Шахс, ки ба ҷаҳон меояд».


Шохаҳои дарахти хурморо ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарьёд мекарданд: «Хӯшаъно! Муборак аст Подшоҳи Исроил, ки ба исми Худованд меояд!»


Ӯ Маро ҷалол хоҳад дод, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо ҳабар ҳоҳад дод.


Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Ба Ман бовар кун, соате мерасад, ки на дар болои ин кӯҳ ва на дар Ерусалим Падарро парастиш хоҳед кард;


Вақте ки мардум ин мӯъҷизаро, ки Исо нишон дод, диданд, гуфтанд: «Ин ҳақиқатан Он Пайғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».


Лекин бисьёре аз мардум ба Ӯ имон оварданд ва гуфтанд: «Чун Масеҳ ояд, наход ки аз Ин Шахс бештар аломот нишон хоҳад дод?»


Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan