Ва ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисьёре аз ҷониби саркоҳинон ва пирони қавм бо шамшеру таёқҳо омаданд.
Ва дарҳол, ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисьёре аз ҷониби саркоҳинон, китобдонон ва пирон бо шамшеру таёқҳо омаданд.
Ва, чун расиданд, ба болохонае баромаданд, ки дар он ҷо Петрус ва Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталмо ва Матто, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯни Ғаюр ва Яҳудо ибни Яъқуб иқомат доштанд;