Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 10:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва номҳои дувоздаҳ ҳавворӣ ин аст: аввал Шимъӯн, ки Петрус номида шуда буд, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ибни Забдой ва бародараш Юҳанно,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

2 Номҳои он дувоздаҳ фиристода чунинанд: аввалин Шимъун, ки ӯро ҳамчунин Петрус меноманд, бародари Шимъун Андриёс, баъд бародарон Яъқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 10:2
44 Iomraidhean Croise  

Баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва бародари вай Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард,


Он гоҳ модари писарони Забдой бо писарони худ назди Ӯ омада ва саҷда бурда, аз Ӯ чизе илтимос кард.


Ва Петрус ва ҳар ду писари Забдойро бо Худ бурд; ва хеле маҳзун ва дилтанг шуд.


Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, ду бародарро: Шимъӯнро, ки Петрус меномиданд, ва бародари ӯ Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд; зеро ки сайёди моҳӣ буданд;


Чун аз он ҷо гузашт, ду бародари дигарро, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ бо падари худ Забдой тӯрҳои худро таъмир мекарданд, ва онҳоро даъват намуд.


Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯн ва Андриёс омаданд.


Ва чун Ӯ бар кӯҳи Зайтун дар муқобили маъбад нишаста буд, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд:


Ҳаввориён назди Исо ҷамъ омада, ҳар он чиро, ки ба ҷо оварда ва таълим дода буданд, ба Ӯ нақл карданд.


Барои ҳамин ҳам ҳикмати Худо гуфтааст: „Ба наздашон анбиё ва ҳаввориёнро мефиристам, ва аз онҳо баъзеро хоҳанд кушт, ва баъзеро таъқиб хоҳанд кард“;


Ва ҳангоме ки соат расид, Ӯ назди суфра нишаст, ва дувоздаҳ ҳаввориён бо Ӯ буданд.


Ва Ӯ Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Биравед ва фисҳро барои хӯрдани мо тайёр кунед».


Ва ҳамчунин Яъқуб ва Юҳанно, писарони Забдой низ, ки шарикони Шимъӯн буданд. Ва Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс; минбаъд одамонро сайд хоҳӣ кард».


Ҳаввориён баргашта, корҳои худро ба Ӯ нақл карданд; ва Ӯ онҳоро алоҳида ҳамроҳи Худ гирифта, ба ҷои хилвате рафт, ки дар қарибии Байт‐Сайдо ном шаҳре буд.


Филиппус омада, ба Андриёс гуфт; баъд Андриёс ва Филиппус ба Исо гуфтанд.


Яке аз шогирдонаш буд, ки бар сандуқи синаи Исо такья мезад: Исо вайро дӯст медошт;


Вай дартоз назди Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигаре ки Исо дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Худовандро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ӯро куҷо гузоштаанд».


Шимъӯни Петрус, Тумо, ки Экизак номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафари дигар аз шогирдони Ӯ бо ҳам буданд.


Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исо дӯст медошт, аз ақиби онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки дар вақти таоми шом бар сандуқи синаи Ӯ такья зада, гуфта буд: «Худовандо! Кист он ки Туро таслим мекунад?»


Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст.


Ва Исо ба он дувоздаҳ гуфт: «Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?»


Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё Ман шумо дувоздаҳро интихоб накардаам? Ва ҳол он ки яке аз шумо иблис аст».


Инро Ӯ дар бораи Яҳудо писари Шимъӯни Исқарьют гуфт, зеро вай, ки яке аз он дувоздаҳ буд, мехост Ӯро таслим кунад.


Яке аз шогирдонаш, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус, ба Ӯ гуфт:


Ва, чун расиданд, ба болохонае баромаданд, ки дар он ҷо Петрус ва Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталмо ва Матто, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯни Ғаюр ва Яҳудо ибни Яъқуб иқомат доштанд;


Қуръае барои онҳо партофтанд, ва қуръа ба номи Матьёс баромад, ва ӯ ба ёздаҳ ҳаввориён мансуб гашт.


Ва Яъқуб, бародари Юҳанноро ба шамшер кушт;


Рӯзе дар соати нӯҳуми вақти ибодат Петрус ва Юҳанно ба маъбад мерафтанд.


Пас аз он ба Яъқуб, инчунин ба ҳамаи ҳаввориён зоҳир шуд;


Ӯ баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд,


Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо — Исои Масеҳ назар дӯзед,


Петрус, ки ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадукия, Осиё ва Битуния пароканда мебошанд,


Шимъӯни Петрус, ки банда ва ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро мисли имони мо дар адолати Худои мо ва Исои Масеҳи Наҷотдиҳанда қабул карданд:


Пир — ба ҳотуни баргузида ва фарзандони вай, ки ман онҳоро дар ростӣ дӯст медорам, ва на танҳо ман, балки низ ҳамаи онҳое ки ростиро дарк кардаанд,


Пир — ба Ғоюси маҳбуб, ки ӯро ман дар ростӣ дӯст медорам.


Ваҳйи Исои Масеҳ, ки Худо ба Ӯ ато намуд, то ба бандагони Худ нишон диҳад, ки ба қарибӣ чиҳо бояд ба вуқӯъ ояд. Ва Ӯ онро ба воситаи фариштаи Худ ба бандаи Худ Юҳанно фиристода, зоҳир сохт,


Ман, Юҳанно, ки бародари шумо ва шарики андӯҳ ва малакут ва сабри Исои Масеҳ ҳастам, аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ дар ҷазираи Патмӯс будам.


Шодӣ кунед дар ҳаққи вай, эй осмон, ва ҳаввориёни муқаддас, ва анбиё, зеро ки Худо доварӣ намуда, интиқоми шуморо аз вай гирифтааст».


Ва ман, Юҳанно, инро дидам ва шунидам. Ва ҳангоме ки шунидам ва дидам, бар пойҳои фариштае ки инро ба ман нишон дод, афтодам, то ки ба ӯ таъзим кунам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan