Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 10:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва дувоздаҳ шогирдашро назди Худ хонда, ба онҳо бар арвоҳи палид қудрат дод, то ки онҳоро берун кунанд ва ҳар беморӣ ва бетобиро шифо диҳанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро аз одамон берун кунанд ва ҳар дарду бемории одамонро шифо диҳанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 10:1
26 Iomraidhean Croise  

Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, шумо, ки Маро пайравӣ намудаед, дар умри дубора, вақте ки Писари Одам бар тахти ҷалоли Худ биншинад, шумо низ бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард;


Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ дар сари суфра нишаст;


Ва ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисьёре аз ҷониби саркоҳинон ва пирони қавм бо шамшеру таёқҳо омаданд.


Ва Исо дар тамоми Ҷалил мегашт ва дар куништҳои онҳо таълим дода, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва ҳар дарди мардумро шифо мебахшид.


Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ; зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин“.


Ва Исо дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳот гашта, дар куништҳои онҳо таълим медод, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва заъфи мардумро шифо медод.


Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад».


Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар нахоҳад расонд;


Зеро ки Ман ба шумо забоне ва ҳикмате хоҳам дод, ки ҳамаи душманони шумо натавонанд на зиддияте ба он нишон диҳанд ва на ба муқобили он чизе бигӯянд.


Ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Ерусалим бимонед, то вақте ки бо қуввате аз олами боло фаро гирифта шавед».


Вақте ки чашми рӯз кушода шуд, шогирдони Худро даъват намуда, аз онҳо дувоздаҳ нафарро интихоб кард, ва ба онҳо номи ҳаввориёнро дод, ки инҳоянд:


Зеро ки Ӯро бар тамоми башар қудрат додаӣ, то ки ба ҳар кӣ Ту ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти ҷовидонӣ бидиҳад:


Яҳьё дар ҷавоб гуфт: «Кас наметавонад чизе ба зиммаи худ бигирад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад.


Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст.


Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё Ман шумо дувоздаҳро интихоб накардаам? Ва ҳол он ки яке аз шумо иблис аст».


Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дуньё шоҳидони Ман хоҳед буд».


Аммо рӯҳи хабис дар ҷавоби онҳо гуфт: «Исоро мешиносам, Павлусро низ медонам, лекин шумо кистед?»


Ва аломати бузурге дар осмон зоҳир шуд: зан, ки либосаш офтоб аст, моҳтоб дар зери пойҳояш, ва тоҷе иборат аз дувоздаҳ ситора бар сараш.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan