9 Ва Узиё Ютомро ба дуньё овард; ва Ютом Оҳозро ба дуньё овард; ва Оҳоз Ҳизқиёро ба дуньё овард;
Дар соли дуюми Фақаҳ ибни Рамальёҳу, подшоҳи Исроил, Ютом ибни Узиё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
Ва Азарьё бо падаронаш хобид, ва ӯро бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карданд; ва писараш Ютом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
Ва подшоҳ Узиё то рӯзи фавти худ махавӣ буд ва дар махавхона сукунат дошт, зеро ки аз хонаи Худованд рад карда шуда буд. Ва писараш Ютом сардори хонаи подшоҳ буда, қавми мамлакатро доварӣ менамуд.
Дар вақти подшоҳ шуданаш Ютом бисту панҷсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ерушо бинти Содӯқ буд.
Ва Ҳизқиё Менашшеро ба дуньё овард; ва Менашше Омӯнро ба дуньё овард; ва Омӯн Йӯшиёро ба дуньё овард;
Ва Осо Еҳӯшофотро ба дуньё овард; ва Еҳӯшофот Еҳӯромро ба дуньё овард; ва Еҳӯром Узиёро ба дуньё овард;