7 Ва Сулаймон Раҳабъомро ба дуньё овард; ва Раҳабъом Абиёро ба дуньё овард; ва Абиё Осоро ба дуньё овард;
Ва Сулаймон бо падарони худ ҳобид, ва дар шаҳри падараш Довуд дафн карда шуд; ва писараш Раҳабъом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
Ва Раҳабъом бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд. Ва номи модараш Наамои аммӯнӣ буд. Ва писараш Абиём ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
Ва ҳангоме ки салтанати Раҳабъом пойдор гардида, қувват гирифт, ӯ шариати Худовандро тарк кард, ва тамоми Исроил бо ӯ буданд.
Ва мардуми ҳеҷу пуч, шахсони нобакор дар гирди ӯ ҷамъ шуда, бар Раҳабъом ибни Сулаймон ғолиб омаданд, дар сурате ки Раҳабъом ҷавон ва нармдил буда, ба муқобили онҳо натавонист истодагӣ намояд.
Ва Сулаймон бо падарони худ хобид, ва ӯро дар шаҳри падараш Довуд дафн карданд; ва писараш Раҳабъом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
Ва Осо Еҳӯшофотро ба дуньё овард; ва Еҳӯшофот Еҳӯромро ба дуньё овард; ва Еҳӯром Узиёро ба дуньё овард;
Дар айёми Ҳиродус, подшоҳи Яҳудо, Закарьё ном коҳине аз навбати Абиё буд, ва зани ӯ аз духтарони Ҳорун буда, Элисобаъ ном дошт.