Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 1:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва Яъқуб Юсуф, шавҳари Марьямро ба дуньё овард, ва аз Марьям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ номида мешавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 1:16
17 Iomraidhean Croise  

Ва Элиҳуд Элъозорро ба дуньё овард; ва Элъозор Маттонро ба дуньё овард; ва Маттон Яъқубро ба дуньё овард;


Шимъӯни Петрус ҷавоб дода гуфт: «Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».


Он гоҳ ба шогирдони Худ таъин кард, ки ба ҳеҷ кас нагӯянд, ки Ӯ Исои Масеҳ аст.


Вақте ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, гуфт: «Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср фирор кун ва дар он ҷо бош, то вақте ки ба ту гӯям; зеро ки Ҳиродус Кӯдакро ҷустуҷӯ хоҳад намуд, то ки Ӯро нобуд кунад».


Пас, вақте ки онҳо ҷамъ шуданд, Пилотус ба онҳо гуфт: «Киро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам: Бараббосро, ё Исоро, ки Масеҳ меноманд?»


Пилотус ба онҳо гуфт: «Пас Исоро, ки Масеҳ меноманд, чӣ кунам?» Ҳама гуфтанд: «Ӯро маслуб кун!»


Оё ин ҳамон наҷҷор нест, ки писари Марьям ва бародари Яъкуб, Йӯсе, Яҳудо ва Шимъӯн аст? Оё хоҳарони Ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?» Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд.


Назди бокирае ки номзади Юсуф ном марде аз хонадони Довуд буд; ва номи он бокира Марьям буд.


Чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд; ва модари Ӯ ба Ӯ гуфт: «Эй Фарзандам! Чаро Ту бо мо чунин рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман хеле ғусса хӯрда, Туро ҷустуҷӯ кардем».


Ва Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро парпеч кард, ва Ӯро дар охуре хобонид, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд.


Ва Исо, вақте ки ба хизмати Худ шурӯъ намуд, тақрибан сисола буд, ва, чунон ки гумон мекарданд, писари Юсуф ибни Элӣ,


Ва ҳама ба Ӯ шаҳодат медоданд, ва аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромад, мутааҷҷиб шуда, мегуфтанд: «Оё Ӯ писари Юсуф нест?»


Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Христос, яъне Масеҳ меояд: чун Ӯ ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар хоҳад дод».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan