Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 1:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва баъд аз ҷалои Бобил Еконьё Шаалтиилро ба дуньё овард; ва Шаалтиил Зарубобилро ба дуньё овард;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

12-16 Аз замони ба сарзамини Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Якунё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содуқ, писари Содуқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Яъқуб ва писари Яъқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо мебошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 1:12
20 Iomraidhean Croise  

Ва тамоми аҳли Ерусалим, ва ҳамаи мирон, ва ҳамаи мардони ҷангиро ба асирӣ гирифта бурд, — асиршудагон даҳ ҳазор нафар буданд, — ва ҳамаи ҳунармандон ва оҳангаронро низ; ғайр аз камбағалони қавми мамлакат касе боқӣ намонд.


Ва дар соли сию ҳафтуми асирии Еҳӯёкин, подшоҳи Яҳудо, дар рӯзи бисту ҳафтуми моҳи дувоздаҳум, чунин воқеъ шуд, ки Эвил‐Мерӯдак, подшоҳи Бобил, дар соле ки подшоҳ шуд, Еҳӯёкин, подшоҳи Яҳудоро сарафроз намуда, аз зиндон берун овард;


Ва писарони Еконьё: Асир, писараш Шаалтиил;


Ва Ешуа ибни Юсодоқ, ва бародаронаш, ки коҳинон буданд, ва Зарубобил ибни Шаалтиил ва бародаронаш бархостанд, ва қурбонгоҳи Худои Исроилро бино карданд, то бар он қурбониҳои сӯхтанӣ, чунон ки дар шариати Мусо, марди Худо, навишта шудааст, бароваранд.


Он гоҳ Зарубобил ибни Шаалтиил ва Ешуа ибни Юсодоқ бархоста, ба бино кардани хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, шурӯъ намуданд, ва анбиёи Худо бо онҳо буда, ба онҳо ёварӣ мекарданд.


Ва инҳоянд коҳинон ва левизодагоне ки бо Зарубобил ибни Шаалтиил ва Ешуа баромадаанд: Сароё, Ирмиё, Эзро,


«Ба ҳаёти Ман қасам, — мегӯяд Худованд, — ки агарчи Коньё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо нигине бар дасти рости Ман мебуд, аз он ҷо ҳам туро мекандам.


Оё ин шахс, Коньё, ҳайкали манфури шикастаест, ё зарфи нодаркорест? Чаро онҳо — ӯ ва насли ӯ — дур андохта, ба замине ки намедонистанд, партофта шудаанд?


Худованд чунин мегӯяд: «Ин шахсро безоту зуриёт, марди дар умраш комьёбнашудае бинависед, зеро ки касе аз наслаш комьёб шуда, бар тахти Довуд нахоҳад нишаст ва дар Яҳудо дигар салтанат нахоҳад ронд».


Ки онҳоро Набукаднесар подшоҳи Бобил нагирифтааст, ҳангоме ки Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи мирони Яҳудо ва Ерусалимро аз Ерусалим ба Бобил ба асирӣ бурдааст, —


Дар соли дуюми подшоҳ Дорьёвеш, дар рӯзи якуми моҳи шашум, каломи Худованд ба воситаи Ҳаҷҷаи набӣ нозил шуда, ба волии Яҳудо Зарубобил ибни Шаалтиил ва ба саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ гуфт:


Ва Зарубобил ибни Шаалтиил, ва саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ, ва тамоми бақияи қавм ба овози Худованд Худои худ ва ба суханони Ҳаҷҷаи набӣ, ки ӯро Худованд Худои онҳо фиристода буд, гӯш андохтанд, ва қавм аз Худованд тарсиданд.


Ва Худованд рӯҳи волии Яҳудо Зарубобил ибни Шаалтиил, ва рӯҳи саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодок, ва рӯҳи бақияи қавмро барангехт, ва онҳо омада, дар хонаи Худованди лашкарҳо, Худои худ, ба кор шурӯъ карданд.


«Лутфан, ба волии Яҳудо Зарубобил ибни Шаалтиил, ва ба саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ, ва ба бақияи қавм сухан ронда, бигӯй:


Дар он рӯз, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Ман туро, эй бандаи Ман Зарубобил ибни Шаалтиил, хоҳам гирифт, мегӯяд Худованд, ва туро мисли мӯҳре хоҳам гузошт, зеро ки Ман туро баргузидаам, мегӯяд Худованди лашкарҳо“».


Ва Йӯшиё Еконьё ва бародарони ӯро дар замони ҷалои Бобил ба дуньё овард;


Ва Зарубобил Абиҳудро ба дуньё овард; ва Абиҳуд Эльёқимро ба дуньё овард; ва Эльёқим Озурро ба дуньё овард;


Пас, ҳамаи наслҳо аз Иброҳим то Довуд чордаҳ насл аст; ва аз Довуд то ҷалои Бобил чордаҳ насл аст; ва аз ҷалои Бобил то Масеҳ чордаҳ насл аст.


Ибни Йӯҳонон, ибни Ресо, ибни Зарубобил, ибни Шаалтиил, ибни Нерӣ,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan