Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 1:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва Йӯшиё Еконьё ва бародарони ӯро дар замони ҷалои Бобил ба дуньё овард;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 1:11
17 Iomraidhean Croise  

Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯоҳоз бисту сесола буд, ва се моҳ дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Ҳамутал бинти Ирмиёҳу, аз Либно, буд.


Ва тамоми аҳли Ерусалим, ва ҳамаи мирон, ва ҳамаи мардони ҷангиро ба асирӣ гирифта бурд, — асиршудагон даҳ ҳазор нафар буданд, — ва ҳамаи ҳунармандон ва оҳангаронро низ; ғайр аз камбағалони қавми мамлакат касе боқӣ намонд.


Ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва таслимшудагонро, ки ба подшоҳи Бобил таслим шуда буданд, ва бақияи оммаро Набузаръадон, сардори ҷаллодон, ба асирӣ бурд.


Ва баъд аз интиҳои сол, подшоҳ Набукаднесар фиристод, ва ӯро бо колои нафисаи хонаи Худованд ба Бобил овард; ва бародари ӯ Сидқиёҳуро бар Яҳудо ва Ерусалим подшоҳ кард.


Ва онҳоеро, ки аз шамшер боқӣ монда буданд, вай ба Бобил ба асирӣ бурд, ва онҳо ғуломони вай ва писаронаш буданд, то вақте ки салтанати подшоҳи Форс барқарор гардид,


Ваҳй дар бораи Бобил, ки онро Ишаъё ибни Омӯс дидааст.


Ки онҳоро Набукаднесар подшоҳи Бобил нагирифтааст, ҳангоме ки Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи мирони Яҳудо ва Ерусалимро аз Ерусалим ба Бобил ба асирӣ бурдааст, —


Ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва гурезпоёнро, ки ба тарафи ӯ гузашта буданд, ва бақияи қавмро, ки монда буданд, сардори посбонони шахсии ӯ — Набузаръадон — ба Бобил ба асирӣ бурд.


Ва Худованд Еҳӯёқим, подшоҳи Яҳудоро бо як қисми зарфҳои хонаи Худо ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ онҳоро ба замини Шинъор, ба хонаи худои худ овард, ва зарфҳоро дар ганҷхонаи худои худ гузошт.


Ва баъд аз ҷалои Бобил Еконьё Шаалтиилро ба дуньё овард; ва Шаалтиил Зарубобилро ба дуньё овард;


Пас, ҳамаи наслҳо аз Иброҳим то Довуд чордаҳ насл аст; ва аз Довуд то ҷалои Бобил чордаҳ насл аст; ва аз ҷалои Бобил то Масеҳ чордаҳ насл аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan