Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Матто* 1:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Насабномаи Исои Масеҳ, Писари Довуд, Писари Иброҳим.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Аҷдодони Исои Масеҳ, ки аз насли шоҳ Довуд ва аз насли Иброҳим мебошад, инҳоянд:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Матто* 1:1
39 Iomraidhean Croise  

Ва баракат диҳам онҳоеро, ки туро муборак хонанд, ва лаънат гӯям ба онҳое ки туро малъун хонанд; ва дар ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост».


Ин аст пайдоиши осмон ва замин, дар ҳини офариниши онҳо, дар рӯзе ки Худованд Худо замин ва осмонро ба вуҷуд овард,


Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ».


Ин аст китоби насаби Одам: дар рӯзе ки Худо одамро офарид, ба шабоҳати Худо ӯро сохт;


Инсонро ба ҳолати ғубор бармегардонӣ, ва мегӯӣ: «Банӣ‐одам, баргардед!»


Ва навдае аз танаи Йисой берун хоҳад омад, ва ниҳоле аз решаҳояш сабзида, бор хоҳад овард.


Ӯ аз банд ва аз доварӣ гирифта шуд, ва кист, ки бо насли Ӯ мусоҳиба намояд? Зеро ки Ӯ аз замини зиндаҳо қатъ карда шуд; барои гуноҳҳои қавми Ман ба Ӯ осеб расид.


Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман Шохаи одиле барои Довуд барқарор хоҳам намуд, ва Подшоҳе салтанат хоҳад ронд, ва хирадмандона рафтор хоҳад намуд, ва инсофу адолатро дар замин ба амал хоҳад овард.


Он гоҳ аз насли Яъқуб ва бандаи Худ Довуд низ безор мешудам, то ки аз насли ӯ ҳокимонро барои насли Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб нагирам; зеро ки асирони онҳоро хоҳам баргардонид ва бар онҳо раҳм хоҳам кард».


Дар он рӯз Ман хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст, аз нав барпо хоҳам намуд, ва рахнаҳояшро таъмир хоҳам кард, ва харобиҳояшро аз нав барқарор хоҳам намуд, ва онро мисли айёми қадим бино хоҳам кард,


Дар он рӯз Худованд сокинони Ерусалимро муҳофизат хоҳад намуд, ва заифтарини онҳо дар он рӯз мисли Довуд хоҳад буд, ва хонадони Довуд мисли Худо, мисли фариштаи Худованд пешопеши онҳо хоҳанд буд.


Ва мавлуди Исои Масеҳ чунин буд: вақте ки модари Ӯ Марьям ба ақди Юсуф даромад, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Рӯҳулқудс ҳомиладор аст.


Иброҳим Исҳоқро ба дуньё овард; ва Исҳоқ Яъқубро ба дуньё овард; ва Яъқуб Яҳудо ва бародарони ӯро ба дуньё овард;


Ва инак, як зани канъонӣ дар он ҳудуд пеш омада, фарьёдкунон ба Ӯ гуфт: «Худовандо, Писари Довуд, ба ман марҳамат кун! Зеро ки духтарам сахт дар чанги дев аст».


Ва Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад, ва инак, осмон ба рӯи Ӯ кушода шуд, ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре нозил шуда, бар Ӯ қарор мегирад.


Вақте ки Исо аз он ҷо мерафт, ду кӯр аз паи Ӯ рафта, фарьёд мезаданд: «Эй Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».


Ва ӯ бар ҳонадони Яъқуб то абад салтанат хоҳад ронд, ва салтанати Ӯ интиҳо нахоҳад дошт».


Оё дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт‐Лаҳм, ки деҳи Довуд буд, бояд ояд?»


Азбаски ӯ пайғамбар буд ва медонист, ки Худо барои ӯ қасам ёд кардааст, ки аз насли ӯ Масеҳро ба миён оварад, то ки бар тахти ӯ бинишонад,


Дар бораи Писари Худ, ки ба ҳасби ҷисм аз насли Довуд таваллуд шудааст,


Зеро ки ба Иброҳим, ё ба наслаш, ваъдаи он ки ӯ вориси ҷаҳон хоҳад буд, ба воситаи шариат не, балки ба воситаи адолати имон ато шудааст.


Ва падарон аз онҳоянд, ва аз онҳо Масеҳ ба ҳасби ҷисм ба ҷаҳон омадааст, ки Худо бар ҳама ва то абад муборак аст, омин.


Лекин ваъдаҳо ба Иброҳим ва ба насли ӯ дода шудааст. Нагуфтааст: «Ва ба наслҳои ту», гӯё ки дар бораи бисьёре, балки дар бораи яке: «Ва ба насли ту», ки он Масеҳ аст.


Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст,


Исои Масеҳро дар хотир нигоҳ дор, ки аз насли Довуд буд ва аз мурдагон эҳьё шуд, ба ҳасби башорати ман,


«Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то ки дар калисоҳо ба шумо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan