3 Ва омӯхтани хулқу адаб, адолат, инсоф ва ҳаққоният,
Ва тамоми Исроил довариеро, ки подшоҳ ба амал оварда буд, шуниданд, ва аз подшоҳ тарсиданд, зеро диданд, ки хирадмандии илоҳӣ барои доварӣ кардан андаруни ӯст.
Аз даҳони Ӯ таълимот биомӯз. ва гуфтори Ӯро дар дили худ ҷойгир намо.
Машваратро бишнав ва насиҳатро қабул намо, то ки оқибат ту хирадманд шавӣ.
То ки туро аз ҳақиқати суханони ростӣ огоҳ кунам, ва ту суханони ростиро ба фиристандагони худ бирасонӣ?
Воиз саъй намуд, ки суханони дилписанд пайдо кунад, ва суханони ростиро ӯ аз самими қалб навишт.