Балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард, ва мазлумони заминро бо росткорӣ ҳукм хоҳад намуд; ва бо чӯбдасти даҳонаш заминро зарба хоҳад зад, ва бо дами лабҳояш шарирро хоҳад кушт.
Ва тамоми Исроил Тавроти Туро вайрон кардаанд ва аз он рӯй гардондаанд, то ки ба овози Ту гӯш надиҳанд, ва аз ин сабаб лаънат ва савганде ки дар Тавроти Мусои бандаи Худо навишта шудааст, бар мо рехта шуд, зеро ки мо пеши Ӯ гуноҳ кардаем.
Ва ӯ ба ман гуфт: «Ин лаънатест, ки бар рӯи тамоми замин берун меравад, зеро ҳар кӣ дуздӣ мекунад, аз ин тарафаш, бар ҳасби он, маҳв хоҳад гардид, ва ҳар кӣ қасами дурӯғ мехӯрад, аз он тарафаш, бар ҳасби он, маҳв хоҳад гардид.
Ва аз даҳони Ӯ шамшери тез берун меояд, то ки ҳалқҳоро бо он бизанад. Ӯ онҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ мекунад; Ӯ чархушти шароби хашм ва ғазаби Худои Қодири Мутлақро пойкӯб мекунад.