5 Инак, Ман Ильёси набиро пеш аз фаро расидани рӯзи бузург ва саҳмгини Худованд назди шумо мефиристам.
Овозе нидо мекунад: «Дар биёбон роҳе барои Худованд тайёр кунед, тариқе барои Худои мо дар саҳро ҳамвор кунед!
Офтоб ба торикӣ ва моҳ ба хун табдил хоҳад ёфт, пеш аз он ки рӯзи азим ва саҳмгини Худованд фаро расад.
Рӯзи бузурги Худованд наздик аст, он наздик аст ва хело мешитобад: садои рӯзи Худованд ба гӯш мерасад! Он гоҳ баҳодур ҳам фиғони талх хоҳад бардошт.
Инак, Ман қосиди Худро мефиристам, ва ӯ роҳро пеши Ман холӣ хоҳад кард; ва ногаҳон Худованд, ки шумо толиби Ӯ ҳастед, ба қасри Худ хоҳад омад, ва қосиди аҳд низ, ки шумо муштоқи Ӯ мебошед; инак, меояд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
Зеро инак, рӯзе ки мисли танӯр фурӯзон аст, меояд; ва ҳамаи ноинсофон ва ҳамаи бадкорон мисли хас хоҳанд буд, ва он рӯзе ки меояд, онҳоро хоҳад сӯзонид, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ба тавре ки барои онҳо решае ва шохае боқӣ нахоҳад гузошт.
Ва пешопеши Ӯ бо рӯҳ ва кувваи Ильёс қадам хоҳад зад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандон ва номутеонро ба ҳикмати одилон баргардонад ва халқи дурусте барои Худованд муҳайё созад».
Ва инак, ду мард бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд, ки Мусо ва Ильёс буданд:
Аз вай пурсиданд: «Пас кистӣ? Оё Ильёс ҳастӣ?» Гуфт: «Не». «Оё он набӣ ҳастӣ?» Ҷавоб дод: «Не».
Ва онҳо аз вай пурсиданд: «Агар ту на Масеҳ ҳастӣ, на Ильёс ва на он набӣ, пас барои чӣ таъмид медиҳӣ?»
Зеро ки рӯзи бузурги ғазаби Ӯ омадааст, ва кист, ки битавонад истодагӣ намояд?»