Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 4:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Тавроти бандаи Ман Мусоро, ки ба ӯ дар Ҳӯриб бо фароиз ва дастурҳо барои тамоми Исроил амр фармудаам, дар хотир нигоҳ доред.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 4:4
25 Iomraidhean Croise  

Ба Худованд писанд афтодааст, ки ба хотири адолати Худ шариатро интишор намояд ва ҷалол диҳад.


Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Ба яқин сухане мисли ин хоҳанд гуфт, ки он ҳеҷ маъное надорад.


Худованд чунин мегӯяд: «Дар роҳҳо биистед ва назар андозед, ва дар бораи тариқҳои қадимӣ бипурсед, ки роҳи нек кадом аст, ва бо он биравед, ва барои ҷони худ оромӣ хоҳед ёфт. Вале онҳо гуфтанд: „Нахоҳем рафт“.


Пас, оё мо шариатро ба воситаи имон ботил мекунем? Ба ҳеҷ ваҷҳ, балки шариатро устувор мегардонем.


Дар бораи он рӯзе ки ту ба хузури Худованд Худои худ дар Хӯриб истода будӣ, ва Худованд ба ман гуфт: „Қавмро назди Ман ҷамъ кун, ва Ман суханонамро ба онҳо бишнавонам, то таълим гиранд, ки дар тамоми айёме ки онҳо дар рӯи замин зинда бошанд, бояд аз Ман битарсанд, ва писарони худро таълим диҳанд“.


Пас, эҳтиёт шавед, мабодо аҳди Худованд Худои худро, ки бо шумо бастааст, фаромӯш карда, ҳайкале, сурати ҳар чизе барои худ бисозед, ки насохтани онро Худованд Худои ту ба ту амр фармудааст;


Худованд Худои мо бо мо дар Ҳӯриб аҳд баст.


Эҳтиёт бош, мабодо Худои худро фаромӯш карда, аҳком ва дастурот ва фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоят нанамоӣ;


Валекин агар ту Худованд Худои худро фаромӯш кунӣ, ва пайрави худоёни дигар гардида, онҳоро ибодат намоӣ ва ба онҳо саҷда барӣ, — имрӯз ба шумо шаҳодат медиҳам, ки албатта несту нобуд хоҳед шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan