Бо фаровонии гуноҳҳои худ, бо ноинсофии тиҷорати худ ту маконҳои муқаддаси худро палид кардӣ; ва Ман аз даруни ту оташе берун хоҳам овард, ки он туро хоҳад сӯзонид, ва Ман туро дар пеши назари ҳамаи бинандагонат бар рӯи замин хокистар хоҳам гардонид.
Ва онҳо, ҳамчун баҳодурон, душманро дар ҷанг мисли лои кӯчаҳо поймол хоҳанд намуд, ва хоҳанд ҷангид, чунки Худованд бо онҳост, ва аспсаворонро хиҷил хоҳанд кард.
Ва фариштаи ҳафтум карнай навоҳт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд: «Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ гардидааст, ва Ӯ то абад салтанат хоҳад ронд».