Ва ин мисли рӯшноии субҳ аст, вақте ки офтоб тулӯъ мекунад, яъне вақте ки субҳ бе абр аст, ва аз дурахшонии баъд аз борон майса аз замин неш зада мебарояд“.
Ва бар соҳили наҳр, аз ин тараф ва аз он тараф, ҳар навъ дарахтони ғизоовар хоҳанд рӯид; баргҳои онҳо пажмурда нахоҳад шуд, ва меваи онҳо тамомият нахоҳад дошт: ҳар моҳ меваи тоза пайдо хоҳад шуд, зеро ки оби он аз маъбад ҷорӣ мешавад; меваи онҳо барои хӯрок ва баргҳои онҳо барои даво хоҳад буд».
«Чашмони онҳоро нобино ва дилҳои онҳоро сахт гардондааст, то бо чашмони худ набинанд ва бо дилҳои худ нафаҳманд ва руҷӯъ накунанд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам».
То ки чашмони онҳоро воз кунӣ, ва онҳо аз зулмот ба рӯшноӣ бароянд ва аз чанголи шайтон раҳо шуда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва ба василаи имоне ки ба Ман меоваранд, омурзиши гуноҳҳо ва насибе дар миёни муқаддасон пайдо кунанд“.
Лекин дар айни ҳол ба шумо ҳукми тозае менависам, ки ростии он ҳам дар Ӯст ва ҳам дар шумост, чунки зулмот гузарон аст, ва акнун нури ҳақиқӣ медурахшад.
Ва халқҳо дар қаҳр шуданд; ва ғазаби Ту омад, ва вақти он расид, ки мурдагонро доварӣ намоӣ ва ба бандагони Худ, яъне ба анбиё ва муқаддасон ва касоне ки аз исми Ту метарсанд, ҳам ба хурдон ва ҳам ба бузургон подош диҳӣ ва нобудкунандагони заминро нобуд кунӣ».