Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 4:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Зеро инак, рӯзе ки мисли танӯр фурӯзон аст, меояд; ва ҳамаи ноинсофон ва ҳамаи бадкорон мисли хас хоҳанд буд, ва он рӯзе ки меояд, онҳоро хоҳад сӯзонид, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ба тавре ки барои онҳо решае ва шохае боқӣ нахоҳад гузошт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 4:1
37 Iomraidhean Croise  

Решаҳои ӯ аз зер хушк хоҳад шуд, ва шоху барги ӯ аз боло бурида хоҳад шуд.


Бағоят бемадор ва шалпар шудаам; аз дарди дили худ наъра мезанам.


Ва бо афзунии кибриёи Худ мухолифонатро шикаст медиҳӣ, ғазаби Худро мефиристӣ, — вай онҳоро мисли хошоке месӯзонад.


Гӯё ки онҳо ҳанӯз шинонда нашуда бошанд, ҳанӯз кошта нашуда бошанд, гӯё ки танаи онҳо ҳанӯз дар замин реша надавонда бошад, — ҳамин ки ӯ бар онҳо боде вазонид, онҳо хушк шуданд, ва тундбод онҳоро мисли пари коҳе гирифта бурд.


Кист, ки шахсеро аз шарқ барангехтааст, ки вай дар ҳар қадамаш ба зафар дучор меояд? Кист, ки халқҳоро пеши вай таслим намудааст, ва подшоҳонро фурӯд овардааст? Вай онҳоро бо дами шамшери худ мисли ғуборе мегардонад ва бо камони худ мисли коҳрезае ки пароканда мешавад.


Инак, онҳо мисли коҳрезаанд: оташ онҳоро хоҳад сӯзонид; онҳо ҷони худро аз аланга натавонанд раҳонид; на ахгаре боқӣ хоҳад монд, ки гарм шаванд, на оташе ки пеши он нишинанд.


Бинобар ин, чунон ки забонаи оташ хасро мехӯрад, ва хошок дар аланга нест мешавад, ончунон решаи онҳо пӯсида хок хоҳад шуд, ва шукуфаи онҳо мисли ғубор барбод хоҳад рафт; зеро ки онҳо аз шариати Худованди лашкарҳо нафрат кардаанд, ва каломи Қуддуси Исроилро хор дидаанд.


Зеро ки шарорат мисли оташ даргирифтааст, явшон ва хори шутурро мехӯрад, ва дар шохаҳои печ дар печи ҷангал месӯзад, ва сутунҳои баланди дуд печида мебарояд.


Аз ғазаби Худованди лашкарҳо замин сӯхта сиёҳ шудааст, ва қавм гӯё ки тӯъмаи оташ гардидаанд: касе ба бародари худ раҳм намекунад.


Ва онҳоеро, ки осӣ шуда, ба зидди Ман ҷиноят кардаанд, аз миёни шумо ҷудо хоҳам намуд; онҳоро аз замини иқоматгоҳашон берун хоҳам овард, вале ба замини Исроил ворид нахоҳанд шуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Ва ту тӯъмаи оташ хоҳӣ шуд, ва хунат андаруни он замин хоҳад монд, ва зикр нахоҳӣ ёфт, зеро Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам“».


Ва онро бар ахгарҳояш холӣ хоҳам гузошт, то ки тафсида, миси он бисӯзад, ва палидии он андаруни он гудохта шавад, ва занги он нест гардад.


Ва ба шумо, эй гӯсфандони Ман, Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман дар миёни гӯсфанд ва гӯсфанд, бар қӯчқорон ва бар нарбузон доварӣ хоҳам намуд.


Инак он рӯз! Инак меояд: завол берун омадааст, чӯбдаст ғунча бастааст, бадқасдӣ гул кардааст.


Дар Сион шох навозед, ва дар кӯҳи муқаддаси Ман гулбонг занед, то ки ҳамаи сокинони ин замин ба ларза оянд, чунки рӯзи Худованд меояд, зеро ки наздик аст, —


Офтоб ба торикӣ ва моҳ ба хун табдил хоҳад ёфт, пеш аз он ки рӯзи азим ва саҳмгини Худованд фаро расад.


Ва ҳол он ки Ман амӯриёнро, ки мисли арзҳо баландқомат ва мисли булутҳо бақувват буданд, пеши онҳо маҳв намудам; ва меваи онҳоро аз боло ва решаҳои онҳоро аз поён нест кардам.


Ва хонадони Яъқуб оташ, ва хонадони Юсуф аланга, ва хонадони Эсов коҳ хоҳанд буд, ва дар дохили онҳо даргирифта, онҳоро хоҳанд сӯзонид, ва бақияе аз хонадони Эсов нахоҳад монд, зеро ки инро Худованд гуфтааст.


Зеро, азбаски мисли хорҳо ба ҳам печидаанд ва мисли майзадагон масту мадҳуш шудаанд, онҳо мисли коҳи хушк комилан хоҳанд сӯхт.


Рӯзи бузурги Худованд наздик аст, он наздик аст ва хело мешитобад: садои рӯзи Худованд ба гӯш мерасад! Он гоҳ баҳодур ҳам фиғони талх хоҳад бардошт.


На нуқраи онҳо, на тиллои онҳо дар рӯзи ғазаби Худованд онҳоро наметавонад наҷот диҳад, ва бо оташи рашки Ӯ тамоми замин фурӯ бурда хоҳад шуд, зеро ки ҳалокате, он ҳам ҳалокати ногаҳоние, Ӯ бар ҳамаи сокинони замин хоҳад овард.


Инак рӯзи Худованд фаро мерасад, ва ғанимати ту андаруни ту тақсим хоҳад шуд.


Ва алҳол мо хушбахтии ноинсофонро мушоҳида менамоем, ки ба воситаи бадкорӣ ба некӯаҳволӣ ноил гардидаанд, ва Худоро озмуда, аз ҷазо раҳо шудаанд».


Ва шумо аз нав фарқи байни одил ва шарирро, байни касе ки ба Худо хизмат мекунад, ва касе ки ба Ӯ хизмат намекунад, хоҳед дид.


Ва кист, ки ба рӯзи омадани Ӯ тавонад тоб оварад? Ва кист, ки дар вақти зуҳури Ӯ тавонад истодагӣ намояд? Зеро ки Ӯ мисли оташи гудозанда ва мисли ишқори шустагарон хоҳад буд.


Ва ҳамчун гудозанда ва тозакунандаи нуқра нишаста, банӣ‐Левиро тоза хоҳад кард, ва онҳоро мисли тилло ва нуқра гудохта, беғаш хоҳад гардонид, то ки ҳадияро барои Худованд аз сидқи дил пешкаш намоянд.


Инак, Ман Ильёси набиро пеш аз фаро расидани рӯзи бузург ва саҳмгини Худованд назди шумо мефиристам.


Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандуми Худро дар анбор гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи ҳомӯшнашаванда ҳоҳад сӯзонд».


Зеро рӯзҳое ба сарат меояд, ки душманонат ба муқобили ту сангарҳо хоҳанд сохт ва туро иҳота намуда, аз ҳар тараф ба танг хоҳанд овард,


Ҳар гоҳ бубинед, ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, бидонед, ки харобии он наздик шудааст;


Дар он рӯз шодӣ кунеду ба ваҷд биёед, зеро ки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Падарони онҳо бо анбиё ҳамин тавр рафтор карда буданд.


Дар оташи фурӯзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирад.


Аммо осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan