Барраҳои қурбонии сӯхтании худро барои Ман наовардӣ, ва бо забҳҳои худ Маро ҷалол надодӣ. Ман туро бо ҳадияҳо ба заҳмат наандохтам, ва бо лебӯно ба ту гаронӣ накардам.
Ва ӯ ба ман гуфт: «Ин лаънатест, ки бар рӯи тамоми замин берун меравад, зеро ҳар кӣ дуздӣ мекунад, аз ин тарафаш, бар ҳасби он, маҳв хоҳад гардид, ва ҳар кӣ қасами дурӯғ мехӯрад, аз он тарафаш, бар ҳасби он, маҳв хоҳад гардид.
Ва мегӯед: «Ин чӣ заҳмат аст!». Ва ба он беэътиноӣ мекунед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ҳайвони даридашуда, ва ланг, ва касалро меоваред, ва инро барои ҳадия меоваред; оё Ман онро аз дасти шумо метавонам қабул кунам? — мегӯяд Худованд.
Исроил гуноҳкор шуданд, ва ҳам аҳдеро, ки ба онҳо амр фармудаам, поймол карданд, ва ҳам ғанимати ҳаромро гирифтанд, ва ҳам дуздиданд, ва ҳам пинҳон карданд, ва ҳам дар ашьёи худ гузоштанд.