Малокӣ 3:7 - Китоби Муқаддас 1992 19997 Шумо аз айёми падарони худ аз фароизи Ман дур шуда, онҳоро риоя накардаед. Сӯи Ман баргардед, ва Ман сӯи шумо хоҳам баргашт, мегӯяд Худованди лашкарҳо. Шумо мегӯед: «Чӣ гуна баргардем?» Faic an caibideil |
Валекин хонадони Исроил дар биёбон ба зидди Ман исьён карданд: бар тибқи фароизи Ман рафтор нанамуданд ва аз дастурҳои Ман, ки ҳар кӣ онҳоро бо ҷо оварад, ба воситаи онҳо зинда хоҳад монд, нафрат карданд, ва шанбеҳои Маро бағоят хор шумурданд; ва Ман гуфтам, ки ғазаби Худро бар онҳо фурӯ рехта, онҳоро дар биёбон маҳв хоҳам кард.
Вале писарон ба зидди Ман исьён карданд: бар тибқи фароизи Ман рафтор нанамуданд, ва дастурҳои Маро нигоҳ надоштанд, то ки онҳоро ба ҷо оваранд, ва ҳол он ки ҳар кӣ онҳоро ба ҷо оварад, ба воситаи онҳо зинда хоҳад монд; шанбеҳои Маро хор шумурданд; ва Ман гуфтам, ки ғазаби Худро бар онҳо фурӯ рехта, хашми Худро бар онҳо дар биёбон ба итмом хоҳам расонид.
Ҳангоме ки Ман онҳоро ба замине овардам, ки дасти Худро боло бардошта будам, то онро ба онҳо бидиҳам, онҳо ҳар теппаи баланд ва ҳар дарахти сершохаро дида, қурбониҳои худро дар он ҷо забҳ карданд, ва қурбониҳои ғазабангези худро ба он ҷо оварданд, ва атри гуворои худро дар он ҷо гузоштанд, ва хадияҳои рехтании худро дар он ҷо рехтанд.