Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 3:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Зеро Ман, ки Худованд ҳастам, тағьир наёфтаам, ва аз ин рӯ шумо, эй банӣ‐Яъқуб, несту нобуд нашудаед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 3:6
36 Iomraidhean Croise  

Дар он рӯз Худованд бо Абром аҳд баста, гуфт: «Ин заминро аз наҳри Миср то наҳри бузург, яъне наҳри Фурот, ба насли ту медиҳам:


Ва ба ӯ гуфт: «Манам Худованд, ки туро аз Ури калдониён берун овардам, то ки ин заминро ба ирсият ба ту бидиҳам».


Ва гуфт: «Ба Зоти Худ қасам ёд мекунам, мегӯяд Худованд, азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, дареғ надоштӣ, —


Ки бар онҳо мурғон лона месозанд: сарвҳо хонаи лайлак аст;


Зеро Ман, ки Худованд Худои ту ҳастам, ямини туро гирифта, ба ту мегӯям: «Натарс, Ман туро ёварӣ хоҳам дод».


Худованд, ки Подшоҳи Исроил ва Раҳокунандаи ӯст, яъне Худованди лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Ман Аввалин ҳастам, ва Ман Охирин ҳастам, ва ғайр аз Ман Худое нест.


Ва то пирии шумо Ман хамон ҳастам, ва то мӯйсафедии шумо Ман шуморо хоҳам бардошт: Ман шуморо ба вуҷуд овардаам, ва Ман бар Худ бор хоҳам кард, ва Ман хоҳам бардошт ва хоҳам раҳонид.


«Инак, Ман — Худованд — Худои тамоми башар ҳастам; оё барои Ман чизи мушкиле ҳаст?


Аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки дар тамоми салтанати мамлакати ман ба ҳузури Худои Дониёл ларзон ва тарсон бошанд; зеро ки Ӯ Худои Ҳай ва Қайюми Ҷовидвуҷуд аст, ва малакути Ӯ безавол аст, ва салтанати Ӯ беинтиҳост.


Бар ҳасби оташи ғазаби Худ амал нахоҳам кард, ба маҳв кардани Эфроим шурӯъ нахоҳам намуд; зеро ки Ман Худо ҳастам ва на одамизод; дар миёни ту Қуддус ҳастам; ва дар авҷи ғазаб назди ту нахоҳам омад.


Ту, охир, аз азал вуҷуд дорӣ, эй Худованд Худои ман, эй Қуддуси ман! Пас мо нахоҳем мурд. Ту, эй Худованд, онҳоро барои доварӣ таъин намудаӣ, ва Ту, эй сахраи ман, онҳоро барои ҷазо додан ба вуҷуд овардаӣ.


Худо одамизод нест, ки дурӯғ бигӯяд, ва писари одам нест, ки аз ваъдаи худ пушаймон шавад: оё Ӯ сухане мегӯяд — ва ба ҷо намеоварад? Ва оё Ӯ қавле медиҳад — ва иҷро намекунад?


Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда бошем, — пас, алалхусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт;


Ва яқин дорам, ки Ӯ, ки дар шумо ба кори хайр шурӯъ намудааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд,


Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст.


То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад.


Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағьироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест.


«Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам», мегӯяд Худованд, Он ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, Худованди Қодири Мутлақ.


Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо, Аввалин ва Охирин ҳастам».


Ва низ Ҷалоли Исроил дурӯғ намегӯяд ва аз қавли Худ намегардад, зеро ки Ӯ одамизод нест, ки аз қавлаш гардад».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan