Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 3:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидди онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, бо зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 3:5
63 Iomraidhean Croise  

Ва Иброҳим гуфт: «Гумон кардам, ки худотарсӣ дар ин макон нест, ва аз боиси занам маро хоҳанд кушт.


Ва рӯзи сеюм Юсуф ба онҳо гуфт: «Чунин бикунед ва зинда бимонед, зеро ки ман аз Худо метарсам.


Ва ҳол он ки волиёни собиқ, ки пеш аз ман буданд, бар қавм гаронӣ мекарданд, ва аз онҳо, ба замми чил сиқл нуқра, нон ва шароб мегирифтанд; навкаронашон низ бар қавм ҳукмронӣ мекарданд. Валекин ман, аз тарси Худо, ин тавр накардам.


Зеро ин оташ аст, ки то ба ҳадди Абаддон хоҳад хӯрд ва тамоми маҳсулоти маро решакан хоҳад кард.


Чунон ки ғулом иштиёқманди соя аст, ва чунон ки муздур умедвори музди худ мебошад,


Таронаи Довуд. Ба бадкешон рашк накун, аз ноинсофон ҳасад набар,


Бархез, эй Худо, заминро доварӣ намо; зеро ки Ту молики ҳамаи халқҳо ҳастӣ.


Худованд Худои моро болобардор намоед, ва ба кӯҳи муқаддаси Ӯ саҷда кунед! — Зеро ки Худованд Худои мо Қуддус аст.


Вале дояҳо аз Худо тарсиданд, ва он чиро, ки подшоҳи Миср ба онҳо амр фармуда буд, ба амал наоварданд, ва писаронро зинда гузоштанд.


Ва ту аз миёни тамоми қавм мардони ҳалолкор, худотарс, мардони росткори аз тамаъ нафратдоштаро баргузида, бар онҳо таъин намо, то ки мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо бошанд,


Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт.


Касе ки барои худоён, ҷуз Худованди ягона, қурбонӣ кунад, — бояд маҳв карда шавад.


Гуноҳ бо эҳсон ва ростӣ кафорат мешавад, ва бо худотарсӣ кас аз бадӣ дур мешавад.


Худотарсӣ — аз бадӣ нафрат доштан аст: аз ғурур, ва ҳавобаландӣ, ва роҳи бад, ва даҳони каҷгуфтор нафрат дорам.


Вале шумо, эй писарони ҷодугар, эй зурьёти фосиқ ва фоҳиша, ба ин ҷо наздик оед!


Зеро ки замин аз зинокорон пур шудааст; зеро ки замин аз боиси лаънат мотам гирифтааст, ва чарогоҳҳои биёбон хушкидааст; зеро ки шарорат иштиёқи онҳост, ва кизб қуввати онҳост.


Зеро онҳо ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд, то ки шуморо аз заминатон дур созанд, ва Ман шуморо бадар ронам, ва шумо талаф шавед.


Ва шумо ба анбиёи худ, ва ба соҳирони худ, ва ба хобгузорони худ, ва ба фолбинони худ, ва ба ҷодугарони худ, ки ба шумо мегӯянд: «Ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард», — гӯш надиҳед,


Чунки онҳо дар Исроил кори зиште карданд: бо занони ёрони худ зино карданд ва ба исми Ман сухани дурӯғ гуфтанд, ки онро Ман ба онҳо амр нафармудаам; ва Ман аз ин вуқуф дорам ва шоҳид ҳастам, — мегӯяд Худованд.


Ва онҳо ба Ирмиё гуфтанд: «Бигзор Худованд дар миёни мо шоҳиди рост ва амин бошад, ки мо бар тибқи ҳар он чи Худованд Худои ту ба воситаи ту назди мо бифиристад, амал хоҳем кард:


Ва агарчи онҳо „ба ҳаёти Худованд!“ мегӯянд, лекин қасамашон бардурӯғ аст».


Оё барои чунин аъмол ҷазо нахоҳам дод? — мегӯяд Худованд. — Ва оё ҷони Ман аз чунин халқ интиқом нахоҳад гирифт?»


Ҳаққи ёри худро нахӯр ва ғоратгарӣ накун, музди меҳнати муздурро назди худ то субҳ нигоҳ надор.


Ва касе ки бо зани шавҳардор зино кунад, яъне касе ки бо зани ёри худ зино кунад, — бигзор он марди зинокор ва он зани зинокор кушта шаванд.


Ва мард ё зане ки ҷодугар ё азоимхон бошанд, бигзор кушта шаванд: онҳо бояд сангсор карда шаванд, — хунашон бар гардани онҳост».


Ва касе ки ба ҷодурагон ва азоимхонон рӯ меоварад, то ки ба онҳо зинокорона пайравӣ намояд, — Ман хашми Худро ба он кас нигаронида, ӯро аз миёни қавмаш маҳв хоҳам кард.


Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, гӯш андоз, эй замин ва ҳар чи дар он аст! Ва Худованд Худо ба муқобили шумо шоҳид бошад, яъне Худованд аз қасри қудси Худ!


Ту, охир, аз азал вуҷуд дорӣ, эй Худованд Худои ман, эй Қуддуси ман! Пас мо нахоҳем мурд. Ту, эй Худованд, онҳоро барои доварӣ таъин намудаӣ, ва Ту, эй сахраи ман, онҳоро барои ҷазо додан ба вуҷуд овардаӣ.


Ва ман ба онҳо гуфтам: «Агар ин дар назари шумо писанд ояд, музди маро бидиҳед, вагар на — надиҳед»; ва онҳо музди маро ба қадри сӣ сиқли нуқра баркашиданд.


Писар падарро иззат мекунад, ва ғулом — оғои худро; пас агар Ман падар бошам, иззати Ман куҷост? Ва агар Ман оғо бошам, ҳайбати Ман куҷост? — мегӯяд Худованди лашкарҳо ба шумо, эй коҳинон, ки исми Маро беҳурмат месозед, ва мегӯед: «Бо чӣ мо исми Туро беҳурмат сохтаем?»


Ва мегӯед: «Аз чӣ сабаб?» Аз он сабаб, ки Худованд дар миёни ту ва завҷаи ҷавонии ту шоҳид буд, ва ту дар ҳаққи вай хиёнат кардаӣ, ва ҳол он ки вай дӯсти ту ва завҷаи ҳамаҳди ту буд.


Шумо Худовандро бо суханони худ заҳмат медиҳед, ва мегӯед: «Бо чӣ Ӯро заҳмат додаем?» Бо ин ки шумо мегӯед: «Ҳар бадкирдор дар назари Худованд хуб аст, ва Ӯ ба онҳо таваҷҷӯҳ мекунад», ё ки: «Худои адлу инсоф куҷост?»


Аммо дигаре, баръакс, вайро мазаммат намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ?


Ва чӣ гуна баъзеҳо ба мо бӯҳтон зада, даъво мекунанд, ки гӯё мо мегуфта бошем: «Биёед, бадӣ кунем, то ки некӣ ҳосил шавад»? Маҳкумияти чунин касон ҳаққонист.


Ва ҳангоме ки варо аз пеши худ озод карда мефиристӣ, варо тиҳидаст нафирист,


Бигзор дар миёни ту на касе ёфт шавад, ки писараш ё духтарашро аз оташ мегузаронда бошад, на ҷодугаре, на чашмбанде, на фолбине, на афсунгаре, —


Дар доварии ғариб ва ятим каҷкорӣ накун, ва либоси беваро ба гарав нагир.


„Малъун бод касе ки дар доварии ғариб, ятим ва бева каҷкорӣ кунад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“


Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт.


Ва касе дар ҳеҷ бобат ба бародари худ таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худованд барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем.


Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард.


Вале пеш аз ҳама, эй бародарони ман, на ба осмон қасам ёд кунед, на ба замин, на ба ягон қасами дигаре; балки бигзор дар шумо «оре, оре» ва «не, не» бошад, то ки ба маҳкумият дучор нашавед.


Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва доду фарьёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст.


Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро — насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст».


Вале сагон, ва ҷодугарон, ва зинокорон, ва қотилон, ва бутпарастон, ва ҳар касе ки дурӯғро дӯст медорад ва ба амал меоварад, — берун аз он хоҳанд буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan