4 Он гоҳ ҳадияи Яхудо ва Ерусалим ба Худованд писанд хоҳад омад, чунон ки дар айёми қадим ва дар солҳои пешина буд.
Ва чун Худо ба левизодагони бардорандаи сандуқи аҳди Худованд мададгор шуд, ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқорро қурбонӣ карданд.
Ва дар он ҷо Довуд қурбонгоҳе барои Худованд бино карда, қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии саломатӣ тақдим намуд, ва сӯи Худованд хонд, ва Ӯ варо иҷобат намуда, бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ оташе аз осмон фиристод.
Ва Сулаймон дар он ҷо ба хузури Худованд назди қурбонгоҳи мисине ки пеши хаймаи ҷомеъ буд, баромада, ҳазор сар қурбонии сӯхтанӣ бар он тақдим намуд.
Онҳоро Ман ба кӯҳи муқаддаси Худ хоҳам овард, ва онҳоро дар хонаи ибодати Худ шод хоҳам кард; қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои онҳо бар қурбонгоҳи Ман мақбул хоҳад буд, зеро ки хонаи Ман хонаи ибодат барои ҳамаи қавмҳо хонда хоҳад шуд».
Худованд чунин мегӯяд: Ман ба Сион хоҳам баргашт, ва андаруни Ерусалим сокин хоҳам шуд; ва Ерусалим шаҳри ҳақиқат, ва кӯҳи Худованди лашкарҳо кӯҳи муқаддас номида хоҳад шуд.