Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 3:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва ҳамчун гудозанда ва тозакунандаи нуқра нишаста, банӣ‐Левиро тоза хоҳад кард, ва онҳоро мисли тилло ва нуқра гудохта, беғаш хоҳад гардонид, то ки ҳадияро барои Худованд аз сидқи дил пешкаш намоянд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 3:3
48 Iomraidhean Croise  

Музтариб шуда, хато накунед: бар бистарҳои худ дар дилҳотон андеша кунед ва сокит бошед. Село.


Қурбониҳои адолатро тақдим намоед, ва ба Худованд таваккал кунед.


Шодии наҷоти Худро ба ман баргардон, ва бо рӯҳи олиҳимматӣ маро дастгирӣ намо.


Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло; вале дилҳоро Худованд месанҷад.


Ғашро аз нуқра дур кун, ва зарфе назди заргар пайдо мешавад;


Ва дасти Худро бар ту хоҳам баргардонид, ва ғашши туро чун дар ишқор тоза хоҳам кард, ва тамоми нопокии туро дур хоҳам сохт.


Инак, Ман туро гудохтаам, вале на дар бӯтаи нуқра: туро дар кӯраи азиятҳо имтиҳон намудаам.


Ва шумо коҳинони Худованд номила хоҳед шуд, — шуморо хизматгузорони Худои мо хоҳанд хонд; аз дороии халқҳо ғизо хоҳед гирифт, ва аз ҷалоли онҳо ифтихор хохед дошт.


Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро гудохта, имтиҳон хоҳам намуд, зеро ки нисбат ба духтари қавми Худ чӣ гуна метавонам амал кунам?


Ва онҳоеро, ки осӣ шуда, ба зидди Ман ҷиноят кардаанд, аз миёни шумо ҷудо хоҳам намуд; онҳоро аз замини иқоматгоҳашон берун хоҳам овард, вале ба замини Исроил ворид нахоҳанд шуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Ва баъзе аз хирадмандон пешпо хоҳанд хӯрд, то ки онҳо то фаро расидани замони охир аз гудозиш гузашта, покиза ва сафед шаванд, зеро ки мӯҳлат ҳанӯз нарасидааст.


Бисьёре покиза ва сафед хоҳанд шуд ва аз гудозиш хоҳанд гузашт, вале шарирон ба шарорат машғул хоҳанд шуд, ва ҳамаи шарирон фаҳм нахоҳанд кард; аммо хирадмандон хоҳанд фаҳмид.


Эй Исроил, сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намо, зеро ки ба сабаби гуноҳи худ пешпо хӯрдаӣ.


Ва ин ҳиссаи сеюмро ба оташ дохил хоҳам кард, ва онҳо ро мисли гудозиши нуқра хоҳам гудохт, ва мисли санҷиши тилло хоҳам санҷид; онҳо исми Маро хоҳанд хонд, ва Ман онҳоро иҷобат намуда, хоҳам гуфт: „Ӯ қавми Ман аст!“ Ва ӯ хоҳад гуфт: „Худованд Худои ман аст!“»


Зеро инак, рӯзе ки мисли танӯр фурӯзон аст, меояд; ва ҳамаи ноинсофон ва ҳамаи бадкорон мисли хас хоҳанд буд, ва он рӯзе ки меояд, онҳоро хоҳад сӯзонид, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ба тавре ки барои онҳо решае ва шохае боқӣ нахоҳад гузошт.


«Левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил бигир ва онҳоро татҳир намо.


Яҳьё дар ҷавоби ҳамаи онҳо мегуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, лекин Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ӯро воз кунам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид хоҳад дод;


Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд;


Барои он ки дар миёни халқҳо хизматгузори Исои Масеҳ бошам ва каҳонати башорати Худоро ба ҷо оварам, то ки ҳадияи халқҳо аз Рӯҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо мақбул афтад.


Лекин, агар ман курбонии рехтание бар курбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам;


Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам.


Зеро ки ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони риҳлатам фаро расидааст.


Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.


Зеро ки онҳо моро ба салоҳдиди худашон барои айёми андак ҷазо медоданд, аммо Ӯ ин корро ба манфиати мо, то ки дар қудсияти Ӯ ширкат дошта бошем, анҷом медиҳад.


Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд.


Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ ҳонаи рӯҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рӯҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим кунед.


Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —


Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худо ва Падари Худ гардонд, то абад ҷалол ва салтанат бод! Омин.


Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ сурхшударо бихарӣ, то ки сарватдор шавӣ; ва либоси сафедро, то ки бипӯшӣ, ва расвоии бараҳнагии ту аён нашавад; ва сурмаро, то ки ба чашмони худ кашида, бино шавӣ.


Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; ва мо бар замин салтанат хоҳем ронд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan